ПОМИДОР БО ОЛУ

                                                                       Суфраи «САФО»


Маҳсулот:

Помидор – 1кг

Олу – 600 гр

Барги ғор – 2 дона

Мурч – 10 дона

Сирпиёз – 3 дандона

Сирко 9% – 1 қошуқ

Намак – 1 қошуқ

Шакар -3 қошуқ

Тарзи тайёр кардан:

Ин маҳсулот барои зарфи 2 литра мебошад. Барои ин намуди захираи зимистон моро мебояд помидорҳое, ки ҳаҷман хурданд, интихоб намоем. Помидорҳоро пеш аз ба зарфи безараргардонидашуда андохтан бо чўбча (дандонкоб) сўрох кунед. Дар навбати аввал барги ғор ва мурчро меандозем. Сипас, помидор аз болояш олу ва ин амалро вобаста ба ҳаҷми зарф такрор кунед. Банкаи бо маҳсулот пуршударо аз болояш оби ҷўшомада мерезем ва муддати 10-15 дақиқа нигоҳ медорем. Оби аввалро мепартоем. Маротибаи дуюм боз ин амалро такрор мекунем. Ин навбат обро намепартоем, балки онро гирифта ба он намак, шакар, сирко илова карда муддати 2-3 дақиқа меҷўшонем. Оби ҷўшомадаро ба банкаҳо рехта, бо сарпўши безараргардонидашуда маҳкам мекунем. 

Добавить комментарий