Бойгонӣ

ДАСТОВАРДҲО АФЗУН МЕГАРДАНД


- Нақшаи андозҳо бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар 6 моҳи соли ҷорӣ 100,4 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 712,0 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбати нақша 3,0 миллион сомонӣ зиёд мебошад,- зикр намуд раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.

Раиси вилоят дар бораи муҳимтарин нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон ҳарф зада, аз ҷумла афзуд, ки дар нимаи аввали соли 2020 бонкҳои вилоят ба маблағи 694 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 48,5 миллион сомонӣ зиёд аст.

Зикр гардид, ки ба санаи 23 июли соли 2020 аз вилоят ба хориҷи кишвар 89132,1 тонна маҳсулот содирот шуда, иҷрои дурнамо 99 фоиз таъмин гардид. Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти содиршуда пиёз 82541,8 тонна, полезӣ 59,8 тонна, меваҷот, аз ҷумла лимў 3313,5 тонна ва дигар намуди маҳсулот 3217 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 8217,2 тонна зиёд мебошад.

Гуфта шуд, ки бинобар пандемияи COVID-19, коҳишёбии гардиши савдои хориҷӣ ба миён омада, дар ин давра нишондоди мазкур 144,1 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта 31,7 миллион доллари ИМА кам мебошад.

Бояд қайд намуд, ки дар 6 моҳи соли равон 46 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ бо таъсиси 494 ҷойи корӣ, аз ҷумла дар самти истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, дӯзандагӣ ва ғайра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, мувофиқи маълумоти шаҳру ноҳияҳо корҳои сохтмонӣ дар 65 иншооти дигар идома дорад. Айни замон шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ 583 ададро ташкил медиҳад, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 57 адад зиёд мебошад.

Ҳамзамон, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва номгӯи он сол аз сол зиёд шуда аз 81 номгӯй ба 92 номгӯй расонида шуд.

Вобаста ба иншоотҳои ҷашнӣ қайд гардид, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёд ва азнавсозии 7654 адад бинову иншоот ба нақша гирифта шуда, дар ин давра дар 4378 бинову иншоот корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст. Аз ҷумла, танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 843 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Раиси вилоят дар хусуси рушди парандапарварӣ дар вилоят иброз дошт, ки баистифодадиҳии ду корхонаи нави парвариши мурғ барои гӯшт дар давоми сол имкон дод, ки истеҳсоли гӯшти мурғ афзоиш ёбад ва дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2019 дар ҳаҷми 1202 тонна ва ё дар сатҳи 75 фоиз зиёд карда шавад.

Журналистон вобаста ба рушди парандапарварӣ, корҳои ободонӣ дар вилоят, иншоотҳои ҷашнӣ, масъалаҳои марбут ба таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшиданӣ, ҳолати мелиоративии заминҳо, фарогирии кўдакон ба кўдакистонҳо, баланд будани сатҳи обҳои зеризаминӣ, бунёди ҳавзҳои шиноварӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, боғҳои фарҳангӣ, мушкилоти ҷангал, андоз, сифати заҳрхимикатҳо ва ғайра дахл намуда, посухи қаноатбахш гирифтанд.

Бояд зикр намуд, ки роҳбарияти вилояти Хатлон ба рушди журналистика таваҷҷуҳи беандоза зоҳир намуда, кормандони ВАО-ро пайваста барои хизмати софдилонаашон ҳавасманду дастгирӣ менамоянд. Ёдовар бояд шуд, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон соли ҷорӣ дар рўзи ҷашни матбуоти тоҷик ба ҳамаи нашрияҳои вилоятӣ ва шаҳру навоҳии вилоят як баста компютер тақдим гардида буд. Дар ин нишаст низ як қатор кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоят барои саҳми муносиб дар рушди журналистикаи тоҷик, инъикоси саривақтӣ ва касбии рӯйдодҳои вилоят, тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ ва дастовардҳои хоҷагии халқ, саҳмгузорӣ дар тарбияи мутахассисони соҳа, ҳамкории хубу самарабахш бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо сипоснома ва ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.

Инчунин аз ҷониби раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба якчанд нафар собиқадори матбуот роҳхат ба осоишгоҳҳо тақдим гардид.

                                       «САФО»

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019