Набиҷон Исозода: МАРДУМУ МИЛИТСИЯ БОЯД ТАВЪАМ БОШАНД
- Фаъолони шаҳри Бохтар ҳамкориро бо кормандони милитсия тақвият бахшида, бояд барои боз ҳам мусоиду беҳтар гардидани зиндагии мардум талош намоянд.
Ин нуктаро сардори ШВКД дар шаҳри Бохтар поковники милитсия Набиҷон Исозода, имрўз, 30 июли соли 2020, ҳангоми вохўрии фаъолони шаҳр бо роҳбарияти ШВКД ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, ки дар толори маҷлиси ШВКД дар шаҳри Бохтар доир гардид, иброз намуд.
Набиҷон Исозода дар вохўрие, ки бо сарварони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳои шаҳр ва имом-хатибон доир намуд, оиди вазъи феълии шаҳр, ҳолати ҷинояткорӣ, риояи қонуният ҳангоми баргузории Иди қурбон, ҷалби наврасон ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои мамнўъ, бурдани корҳои таблиғотӣ вобаста ба бемории ҳамагири коронавирус ва дастгирии сиёсати Ҳукумати кишвар ва Пешвои муаззами миллат суханронӣ намуд.
Шоиста Абдуназарзода, - муовини раиси шаҳри Бохтар низ назди ҳозирин оиди масоили зикрашуда масъалагузорӣ намуда, аз ҳозирин масъулияти баланд, зиракии сиёсӣ, огаҳии ҳамаҷониба аз аҳволи мардумро талаб намуд.
Баъдан раисони маҳаллаҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, намояндагони дин сухан гуфта, оиди мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои бартарафсозии онҳо ибрози андеша карданд.
Гуфта шуд, ки аксари мардум бо вуҷуди таъкидҳои масъулин ҳануз ҳам ба ҷойи оростани дастархони маънавӣ дар пайи исрофкорӣ, махсусан дар рўзҳои ид, мебошанд.
- Мудири шуъбаи маорифи шаҳр Қ. Забирзода сухан гуфта таъкид дошт, ки ба саршавии соли таҳсил рўзҳои башумор мондааст, аммо мардум ба ҷои хариди либоси мактабӣ ва ҷиҳози хониш дар андешаи харидории анвои ғизоӣ ва масрафоти барзиёд дар рўзи Иди қурбон ҳастанд.
Таъкид гардид, ки аз ҷониби фаъолон гуруҳҳои тарғиботӣ фаъол гашта, раванди таҷлили Иди қурбонро дар маҳаллаҳои шаҳр назорат хоҳанд кард.
А. ФАЙЗ