Бойгонӣ

ДАР ЧОРБОҒ ТУЙ АСТ!

                                                                                                                    ХУШХАБАР


Имрӯз 25.07.2020, дар рустои навбунёди Чорбоғи ноҳияи Хуросон тӯйи арӯсии ду ҷавон баргузор гардид. Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи Граждании Тоҷикистон ба хабарнигори «САФО» хабар доданд, Сафармуҳаммади 23 сола ва Гулнозаи 18 сола аввалин нафароне ҳастанд, ки дар ин русто тўи хонадоршавиашонро таҷлил намуданд.  

 - Тўи хонадоршавии Сафармуҳаммад ва Гулноза бояд пештар таҷлил мешуд ва аммо бар асари тахриб шудани манозили зисти волидонашон ба таъхир гузошта шуда буд. Ва инак, баъди анҷоми сохтмони манзили нав, ин ду навҷавон ба висоли ҳам расиданд, - илова кард манбаъ.

Сафармуҳаммад, ки имрўз аз шодӣ дар курта намеғунҷид, илова кард, ки хурсанд аз он аст, ки ҳаёт ба маҷрои худ бармегардад, ғаму ғуссаи бехонагӣ пушти сар мемонад, ғамҳо ба шодиву сурур, гиряҳо табдил ба ханда мешаванд.

 Ёдовар мешавем, ки дар деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон ду хонавода аллакай вориди хонаи худ шуданд. 

Дар  хонаҳои дигари навбунёд корҳои андоваи дохили хонаҳо идома дорашта, мардум дару тирезаҳоро ранг мекунанд.  Ҳоло дар ҳамаи хонаҳо хатҳои нерӯи барқ кашида шудааст.

 Дар ин рустои нав ҳамчунин сохтани бунгоҳи тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, маркази савдо дар назар аст. Қарор аст 1,5 километр роҳ низ мумфарш шавад ва барои таъмини сокинон бо оби нӯшокӣ 18 чоҳ кананд. 

Маврид ба ёдоварист, ки 67 хонавода дар ноҳияи Хуросон бар асари омадани сел қисман ё пурра хароб шуда буданд. Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба осебдидагон  замин ҷудо кард ва онҳо дар ҷойи амну бехтар ва дур аз селроҳо соҳиби хонаҳои нав шуданд. 

                                                                А. ФАЙЗАЛӢ

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019