БОНУИ МУВАФФАҚ

                                                                Пешоҳанги русто  


Махфират Саидраҳмонова аввалин зан дар Ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритуз аст, ки хоҷагии деҳқонӣ ташкил дода, онро дар натиҷаи корбарии хубу меҳнати софдилона ба яке аз хоҷагиҳои пешқадами минтақа табдил додааст.

Махфират ҳамчунин якумин зани соҳибмаълумот дар деҳа мебошад, чун риштаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро бомуваффақият хатм кардааст. Аммо ӯ ба ҳама дастовардҳо осон ноил нашудааст.

Дар солҳои 90-ум, замоне ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гашт, хонаводаи Махфират ночор тарки хоки Ватан карданд. Аз даст додани се фарзанди падар дар ин ҷанги шаҳрвандӣ, ғаму кулфати гурезагӣ ва ҳашт моҳи ғарибию сарсонӣ дар хоки кишвари бегона, яъсу ноумедӣ, шунидани оҳу шевани модарони фарзандбохта барояш осон набуд. Аммо Махфират шикаст нахӯрд ва пас аз бозгашт ба Ватан хоҷагии деҳқониеро таъсис дода, онро ба хотири гиромидошти рӯҳи бародари ҷавонмаргаш “Идибек” ном гузошт.

Инак, 17 сол мешавад, ки Махфират ба ҳайси сарвари хоҷагии деҳқонии пахтакор дар ноҳия кор мекунад ва хушбахт аз он аст, ки таҷрибаи кору роҳбарии ӯро барои дигарон ҳамчун намунаи ибрат муаррифӣ мекунанд.

Аз 8 гектар замине, ки М. Саидраҳмонова дар он кори кишоварзӣ пеш мебарад, зиёда аз як гектараш боғ аст. Ҳосили хубе ҳам аз ин боғ ба даст меояду аз даромадаш аҳли хонаводаро таъмин мекунад. Соли 2016 ба Махфират мукофоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро ҳамчун “Беҳтарин боғпарвар” тақдим намуданд, ки нишоне аз қадрдониҳои заҳмати ӯст.

Ба хотири бештар рушд додани соҳибкорӣ ва такмили донишаш Махфират дар омӯзишҳои гуногун ва семинар-машваратҳои кишоварзӣ иштирок намуда, малакаи хуби боғдорию зироаткориро аз худ намудааст.

Махфират Саидраҳмонова ҳамроҳи чанд бонуи дигари соҳибкори хатлонӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шарикони рушд барои таҷрибаомӯзӣ ба Амрико сафар дошт.

- Чанд муддат дар иёлоти Калифорнияи ИМА будам, - қисса мекунад Махфират. - Ба ман таҷрибаи боғдории ин кишвар бештар хуш омад. Дар ноҳияи мо, ки иқлимаш гарм аст, меваро зиёд нигоҳ дошта намешавад, зеро мепӯсаду ба боғдор зиён меоварад. Мо аз коршиносони лоиҳаи мазкур тарзу усули муосири хушконидани зардолуро омӯхтем. Агар ин корро бо сифати хуб анҷом диҳем, аз ҳисоби фурӯши меваи хушк даромадамон дучанду сечанд меафзояд. Акнун вақт равад ҳам, аз таҷрибаҳои омӯхтаам истифода намуда, дар боғам ниҳолҳои нави босифати пайвандӣ шинонида истодаам. Умед дорам, аз ин баъд кор ранги дигар мегирад,- мегўяд ин бонуи кордон.

Махфират Саидраҳмонова ҳамчунин иштирокдори озмуни бонуфузи “Бонуи соҳибкори сол - Ҷоизаи “Фараҳ-2014” мебошад. Вай аз рӯйи номинатсияи “Хоҷагии қишлоқ” соҳибҷоиза низ гардидааст.

Имрӯз Махфират дар кори худ пешоҳанг асту занону духтарони деҳаро бо шуғл таъмин кардааст. Ба онҳо тарзи дурусти пешбурди кори кишоварзӣ, истифодаи самаровари замин, боғдорӣ, усули муосир ва манфиатбахши хушконидани меваро меомӯзад.

- Ин ҳама самараи ваҳдату истиқлол аст, ки имрӯз зани тоҷик метавонад озодона таҳсил ва кор кунад, роҳбарии хоҷагиҳо, ташкилоту муассисаҳоро ба уҳда дошта бошад, - мегӯяд ӯ. - Тамоми шароит ва имконот барои рушди соҳибкории занон имрӯз дар кишварамон фароҳам аст, ки аз он шукрона бояд кард.

Имсол ҳам Махфират аз боғи мевадиҳандаи хоҷагии деҳқониаш ҳосили фаровон ба даст овард. Қисмате аз меваҳоро тару тоза фурӯхта, боқимондаи онро бошад хушк намуд.

- Дар аввал аз мутахассисону боғдорони ботаҷриба босифат хушконидани зардолуро омӯхта, сипас худам мустақилона ба ин кор машғул шудам. Мевахушккунӣ имконият медиҳад, ки ҳосили барзиёди боғотро аз талафёбӣ нигоҳ дошта, фоида ба даст орем, - мегӯяд М. Саидмуродова.

Ба гуфтаи ин зани ҳунарманду кордон агар арзиши зардолуи тару тоза дар бозорҳои истеъмолии ҳудуди вилояти Хатлон 2-5 сомонӣ бошад, фурӯши хушконидашудаи он дар содирот то 30-50 сомонӣ мебошад.

Таҷрибаи кору рӯзгори Махфират Саидмуродова воқеан омӯзанда аст. Зеро ӯ ҳамчун як бонуи рустоӣ тавонист, бо заҳмату талошҳои зиёдаш нишон бидиҳад, ки зани тоҷик бохираду неруманд асту сазовори садҳо таҳсину офарин.

                                                  МУҲАББАТ

Добавить комментарий