Бойгонӣ

ГУЛШАНИ ЭҶОД

Шеърҳо дар васфи зебоӣ, ҷавонӣ, меҳан, модар, ошиқӣ, дўстию ҳамдилиро зане ба қалам додааст, ки дар самои эҷод парвози баланд дорад. Меҳринисо Бобобекова аз зумраи адибони шинохтатест, ки бо сеҳри қалам ба дили китобдўстон, бонувон, ҷавонону наврасон роҳ ёфтааст. Аз ҳар сатри эҷоди ў накҳати Меҳан, арзиши модар, ширинии ҳаёти кўдакӣ, баҳору ҷавонӣ эҳсос мегардад.

Ашъори Меҳринисо Бобобекова саршор аз муҳаббатҳост. Муҳаббат ба модар, меҳан, ҳаёт ва ояндаи нек. Ин бонуи соҳибқалам зебоиро дўст медораду мепарастад ва барои мухлисони каломи бадеъ аз зебогиҳо аз дўст доштану ба қадри ҳаёту дўстӣ расиданҳо эҷод мекунад. Барои лаҳзае вориди олами эҷоду ҳунар шудан аз чакидаҳои ашъори шоираи ширинкалому ширинбаён манзури хонандагон мегардонем.


Суҳбати соҳибдилон ояд хушам,

Зиндагии дилситон ояд хушам.


Дар миёни ахтарони бешумор,

Чашмҳои меҳрубон ояд хушам.


Дар канори модарони бахтиёр,

Хандаҳои кўдакон ояд хушам.


Дар баҳори рўи бому пуштаҳо,

Лолаҳои арғувон ояд хушам.


Баъди борон рўи гулбарги таре,

Сояи тиру камон ояд хушам,


Оташе ҳарчанд месўзад дилам,

Сўхтан чун суғдиён ояд хушам.


Дар ҷаҳони назму дунёи сухан,

Шоири рангинбаён ояд хушам.


         Х х х

Ғамхори бемисол

Модар, фақат туӣ.

Авҷи ҳама камол

Модар, фақат туӣ.


Ҳаргиз дар ин ҷаҳон

Мислат фаришта нест.

Беҳтар зи ту Худо

Фарде сиришта нест.


Атри дуои ту

Дар ҷони сабзи ман.

Фасли навозишат

Оғози набзи ман.


Тўмори дарди сар

Модар, фақат туӣ.

Ғамхору мўътабар

Модар, фақат туӣ.


СУРУДИ ҶАВОНОН


Ахтарони ҷовидонем,

Андалебони замонем.

Ворисони Оли Сомон,

Ифтихори тоҷиконем.


Мо ҷавонем, мо ҷавонем

Мо мадори ин замонем.


Ориёӣ ҷавҳари мо,

Тоҷи давлат бар сари мо.

Рамзи меҳру меҳрубонӣ

Раҳнамою раҳбари мо.


Мо ҷавонем, мо ҷавонем

Мо мадори ин замонем.


Партави нури саодат

Дар дилу дар дидаи мо.

Санги кўҳу Тоҷикистон

Каъбаву обидаи мо.


Мо ҷавонем, мо ҷавонем

Мо мадори ин замонем.

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019