Бойгонӣ
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
Декабрь 2024 (12)

СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

                                                                                                   Аз нишастҳои матбуотӣ

Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз вилояти Хатлон ба хориҷи мамлакат 82 ҳазору 876,6 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 ҳазору 193, 8 тонна зиёд мебошад.

Тавре сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон Амирбеки Темур зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон иттилоъ дод, аз ҷамъи умумии маҳсулоти содиротшуда 14 ҳазору 414,6 тонна бор тавассути нақлиёту тайёра ва 68 ҳазору 462 тоннаи дигараш тариқи роҳи оҳан ба кишварҳои хориҷа содирот гардидааст. Дар маҷмӯъ маҳсулоти содиротгашта 92,1 фоизи нақшаи солонаро дар бар мегирад.

Номбурда ҳамчунин гуфт, ки аз вилоят ба хориҷи кишвар 80 ҳазору 472,8 тонна сабзавот, аз он ҷумла 80 ҳазору 421,8 тонна пиёз, 59,8 тонна полезӣ, 2 ҳазору 308 тонна мевагиҳо ва 36 тонна дигар намуди маҳсулот содирот шудааст, ки бештари онҳо аз шаҳру ноҳияҳои Ҷайҳун, Панҷ ва Шаҳритуз мебошанд.

Манбаъ афзуд, ки маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон асосан ба давлатҳои Россия, Литва, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Покистон содирот карда шудааст ва айни замон содирот идома дорад.

                                                                   СУЛАЙМОН СУЛТОНОВ

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ” ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ НАВИ БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР Хатлон. Беш аз 190 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД Ҷ. БАЛХӢ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ВА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ТАҶДИДИ МАКТАБ, БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҚВИЯТИ СОХТОРҲОИ ОТАШНИШОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад Ёвон. Ҷалби беш аз 10 ҳазор кӯдак ба истироҳатгоҳҳо ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД