ТАЪЗИЯ
Аҳли эҷоди маҷаллаи «САФО» нисбати даргузашти
МОДАРИ
раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода сахт андўҳгин буда, ба аҳли байти марҳума изҳори тасаллият намуда, аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳон аст.
Модар фаришта буд, фақат болу пар надошт,
Шояд ки дошт болу пар, аммо хабар надошт.
Ё дошт огаҳӣ зи пару боли хеш, лек,
Майли ҷудо шудан зи ману аз Падар надошт.
Дар кӯдакӣ ба модари худ хостам барам,
Як ҳадя, лек ҷайби ман он лаҳза зар надошт.
Зар ёфтам ба гоҳи ҷавониву он замон,
Ҷуз ишқи ёр сина ҳавои дигар надошт,
Вақте ба ёди ҳадя фитодам, ки Модарам,
Рӯи лабаш ба ғайри "видоъ, эй писар" надошт.