Бойгонӣ
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
Декабрь 2024 (12)

АЁДАТИ ЗАРАРДИДАҲО

Дар деҳаи навбунёди «Чорбоғ»-и ноҳияи Хуросон рафти корҳои сохтмонӣ, андовакунӣ, бардоштани болопўши хонаҳо бомаром ҷараён доранд. Зимни сафар ба ин мавзеъ аён шуд, ки шахсони ҳимматбаланд низ дар ин кори дастаҷамъона саҳм гузошта, баҳри ҳарчӣ зудтар бо манзили зист таъмин шудани оилаҳои аз офати табиӣ зарардида кумаки хешро мерасонанд.

Ба ҳолати 8-уми июли соли ҷорӣ дар 66 хона бардоштани девор ба охир расида, дар 60 хона пўшидани бомро оғоз намуданд. Аз ҷумла, дар 16 хона рафти корҳои андовакунӣ идома дошта, дар 8-тои аллакай он ба охир расонида шуд. Дар 22 хона корҳои фаршу шифтсозї идома дошта, дар 3 хона аллакай ин кор низ ба охир расидааст. Аллакай хонањои 27 оилаи зарардида бо дару тирезаҳо таъмин шудаанд.

Аҳли қалами маҷаллаи «Сафо» низ дар пайравӣ ба иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон зимни сафари корӣ ба аёдати яке аз оилаҳои зарардида- оилаи Пировҳо рафта, аз ҳолу рўзгори онҳо дидан намуда, ба қадри имкон сару либос ва ашёҳои рўзгор кумак расониданд.

           Махфират ШОИМОВА

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ” ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ НАВИ БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР Хатлон. Беш аз 190 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД Ҷ. БАЛХӢ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ВА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ТАҶДИДИ МАКТАБ, БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҚВИЯТИ СОХТОРҲОИ ОТАШНИШОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад Ёвон. Ҷалби беш аз 10 ҳазор кӯдак ба истироҳатгоҳҳо ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД