АМАЛИ НЕК


Аз ҷониби масъулини ҶДММ «Бозори Ҳоҷӣ Шариф» ба мардуми ҷамоатҳо ва шаҳраки Восеи ноҳияи Восеъ кумаки яквақта расонида шуд. Ин амал дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа аз тарафи шахсони ватандўсту саховатпеша рўи кор оварда шуд.

Кумаки яквақта аз аробачаи маъюбӣ ва якчанд номгўи маводи ғизоӣ аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар дастраси аҳолии ноҳияи Восеъ гардид. Ин иқдоми ватандўстона ва дастгирии сиёсати давлатро аҳли ноҳия хуш пазируфта, ба саховатмандони ин амали нек миннатдорӣ баён карданд.

                                                                Ш. УБАЙДОВА

Добавить комментарий