Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
КОРҶӮЁН СОҲИБИ ҶОЙИ БАҲАМОЙӢ ШУДАНД.
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва соҳибкорони маҳаллӣ дар маҳаллаи Ғайрати шаҳр барои занону мардони корҷӯ макони махсуси болопӯшидаи ба ҳамойӣ бунёд гардид.
Тавре аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ доданд, он дар масоҳати 0,04 гектар сохта шуда, барои 150 нафар пешбинӣ шудааст.
Макони махсуси ба ҳамойӣ имкон медиҳад, ки нафарони корҷӯ аз нурҳои сӯзони офтоб ва барфу борон эмин бошанд.
Бояд гуфт, ки чанд сол боз корҷӯён дар назди терминали мусофиркашонии шаҳри Бохтар, канори роҳ барои пайдо кардани кори ҳаррӯза ҷамъ меомаданд.
Даҳҳо нафар занони корҷӯ зимни суҳбат миннатдории хешро ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва соҳибкорон баён карданд, ки акнун онҳо метавонанд дар ҷойи бехавф ҷамъ омада аз пайи ризқу рӯзии хеш шаванд.
Сулаймон Султонов
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН


