БУНЁДИ КӮДАКИСТОН ДАР ЁВОН

Бо ибтикори соҳибкори ватанӣ Акбар Асадулло, дар маҳаллаи Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Ёвон сохтмони боғчаи хуштарҳу замонавӣ барои 315 кӯдак оғоз ёфт.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, арзиши умумии лоиҳаи мазкур 21 миллион сомониро дар бар гирифта, қарор аст дар арафаи 29 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шавад.

Бино аз се ошёна иборат буда, баъди ба истифода додани он 35 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб хоҳанд шуд.

                                                                           Сулаймон Султонов

Добавить комментарий