Бойгонӣ

ҚОСИМ РОҲБАР АЗ СОХТМОНИ БИНОИ КИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ БОХТАР ДИДАН КАРД

БОХТАР. Имрўз, 3 июн, Роҳбар Қосим - Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар шинос шуданд.

Дар ин бора шуъбаи таблиғоти КИ ҲХДТ  дар шаҳри Бохтар ба хабарнигори  «САФО» иттилоъ дод.

Тибқи иттилоъи манбаъ раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи нақша- чорабиниҳои вобаста ба таҷлили сазовори 30 – солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар, дар доираи назорати рафти сохтмону азнавсозии иншоотҳои ҷашнии шаҳр аз сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар боздид намуд. 

Гуфта мешавад, ки Роҳбар Қосимро раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ карданд.
 - Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳарчӣ зудтар сохта ба истифода додани бинои маъмурии ҳизб дар шаҳри Бохтар дастуру супоришҳои мушаххас дод, - илова кард манбаъ.


 Ёдовар мешавем, ки бинои КИ ҲХДТ аз 3 ошёна иборат буда, масъулин мегўянд, тибқи лоиҳа дар  рўзҳои ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода хоҳад шуд.  

                                                                            А. ҶАҲОНГИР, "САФО"

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019