ДАР ЁВОН ТЕАТРИ КАСБӢ АРЗИ ҲАСТӢ ХОҲАД КАРД
ХУШХАБАР. Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон театри халқӣ ба театри касбӣ табдил дода мешавад. Дар ин бора имрӯз, 3 июн, шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар додааст. Гуфта мешавад ин тасмим аз сӯи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни боздид аз фаъолияти хоҷагии халқи ноҳияи мазкур гирифта шуд.
«Раиси вилоят ҳамчунин композитсияи ҳунармандони театри халқиро бахшида ба 5500-солагии Саразм дар Қасри фарҳангии ноҳия тамошо карда, бо ҳунармандон мулоқот оростанд ва пешниҳод намуданд, ки театри халқии ноҳияи Ёвон ба театри касбӣ мубаддал карда шавад»- гуфта мешавад дар иттилоия.
Ин пешниҳоди муҳтарам Қурбон Ҳакимзода аз сўи аҳли фарҳанги ноҳия бо қаноатмандиву хушнудӣ пазируфта шуд.
Ҳамчунин раиси вилоят барои дастгири ҳамаҷонибаи театри тозатаъсис ба масъулин дастур додаанд.
Дар театри халқии ноҳияи Ёвон айни замон 15 нафар ҳунармандони хушсалиқаву соҳибкасб фаъолияти густурда доранд ва ваъдаи иштирок дар нахустнамоиши театри касбии ноҳияи Ёвон аз сўи раиси вилоят масъулияти онҳоро дучанд намудааст.
Айни замон дар миқёси вилоят 3 адад театри касбӣ фаъолият доранд ва дар сурати ба мақоми театри касбӣ расидани театри халқии ноҳияи Ёвон ин теъдод ба 4 адад мерасад.
А. ЉАҲОНГИР, "САФО"