ХӮРИШ «РЕЗАБОРОН»
Суфраи Сафо
ХӮРИШ «РЕЗАБОРОН»
Маводи лозима:
Гӯшти мурғ – 250 гр
Хӯриши сабзӣ - 250 гр
Занбурӯғи консервагӣ – 250 гр
Панир – 150 гр
Тухм – 4 дона
Пиёз – 1 дона
Сирко 9% - 50 мл
Майонез – 250 гр
Тарзи омода намудан:
Гӯшти мурғро пухта мегирем ва онро шакли дилхоҳ реза мекунем. Хӯриши сабзиро низ меандозем ва занбурӯғро шакли ба гӯшт монанд реза карда, ба болои гӯшти мурғ ҳамроҳ мекунем. Сипас, пиёз ва тухми обпазшударо реза мекунем ба маҳсулот ҳамроҳ карда, ба он сирко илова мекунем. Майонезро меандозему ҳамаи онро омехта мекунем. Сипас ба лаъличаҳо гирифта, ба болояш панирро аз турбтарошак мегузаронем.