«МЕҲРИ ДУХТАРУ ПАДАРӢ»
Дар олами адабӣ дар бораи меҳри фарзандӣ, меҳри падару модар хоҳару бародар хешу табор ёру рафиқ зиёд навиштаанду менависанд.
Воқеаи айнан рӯйдода маро маҷбур сохт то онро рӯи коғаз биёрам. Чун дар ҷомеаи мо кам нестанд, мардони беору номус, ки пояи илми педагогӣ, адабӣ ва ҷаҳонбинияшон паст аст, даррав дар ҳолати таваллуди фарзанди духтарӣ аз ин тифли масъум рӯй мегардонанд. Модари муштипарро, ки 9 моҳ бору дарди фарзандашро кашидааст, дар нимароҳи зиндагӣ партофта, дар кофтукови зани «бачазой» мегарданд (шояд ин зан писаре таваллуд кунад, ки дар оянда бо амали нопоку бадахлоқонаи хеш ҳам номи падараш ва авлодашро шарманда карда, исноди миллат шавад).
Январи соли 1993… ҷанги гиру дор ҳамоно дар ноҳияи Панҷ давом дошт. Рӯзе набуд, ки гурӯҳҳои яроқноки ношиносе, ки тоҷики бегуноҳеро шаҳид накунад. Он рӯзи наҳс низ ҳамин гурӯҳҳои ҷинояткор ба хонаи муаллими таърихи халқи тоҷик Диловаршоҳ, ки ба ҷуз таълими таърихи миллат ба фарзандони мардум дигар коре надошт, бе иҷозат зада даромаданд. Диловаршоҳ иттифоқан дар хона набуд ва завҷааш Саодатбону духтарчаи якунимсолаи ширмакаш Бунафшаро дар гаҳвора хобонда мехост хонаро рӯбучин кунад. Яроқбадастон аз зан-модари тоҷик нишонаи Диловаршоҳро пурсиданд. Иброз дошт, ки бо коре ба мактаб рафтааст. Ин шахсон, ки аз гуфтору рафторашон муқаррар бо иборае «аз «чоруқпӯш» беш набуданд ба дашному ҳақорати модари муштипар гузашта, ба кофтани хона ва афтондани кӯрпаю кӯрпача, чевону сандуқҳо шурӯъ карданд. Саодатбону ин зани 28-30 солаи тоҷик аз ин амали аблаҳонаи яроқбадастон фаҳмид, ки ин мардум аз оқипадарони бемаълумот ва яғмогаре беш нестанд. Агар на пас чӣ лозим аст, кофтани молу мулки шахсии онҳо?! Ӯ ба зудӣ ба берун баромада, писаронашро, ки яке 8 сола, дигаре 6 сола ва сеюми 5 сола буданд ва дар боғ арғамчинеро ба шохи дарахте ҳавола карда, арғамчинбозӣ мекарданд, ба қафои оғилхонаи ҳамсоя, ки аз чашм ноаён буд гузаронида, таъкид намуд, ки онҷо мунтазир шаванд. Ба сӯи хона баргашта буд, ки садои тирро шунид. Барқвор сӯи хона давид. Роҳзанони одамсурат баъди кофтукову яғмогарӣ, барои молу амволи хона раду бадал карда, аз ин хархашаашон Бунафшаи якунимсола бедор мешавад. Чун кӯдак чиррос зада ба гиря медарояд, ин ашхоси яроқнок, ки бо иборае аз насли «турдалихонҳо» буданд аз гиряи кӯдак ба ғазаб омада, ба сӯяш аз автомат тир холӣ мекунанд. Модар даромадан баробар худро болои гаҳвораи тифли навзодаш ҳавола мекунад. Ин хуни одамхӯрон, ки ҳамагӣ бангзада буданд ба сӯи модар 1 мағозаи тири автомати «Калашников»- ро холӣ мекунанд. Бо иборае бадани модари тоҷикро ғалбер ва аз хун арғувонӣ мекунанд ва аз ин кулбаи тоҷик баромада мераванд. Баъди чанде муаллими таърихи халқи тоҷик бо ноне, ки шояд аз отряди сарҳадии рус, аз кадом руси боимоне ба хотири фарзандонаш гирифтааст ва ё ҷои дигар дохили хона мешавад. Манзараи мудҳише дар хона пеши чашми ӯ аён мегардад. Сари гаҳвора завҷаи нозанини аз сад гул як гул нашкуфтааш болои гаҳвораи духтараш афтода ҳама гирду атрофро кӯлмаки хун фаро гирифта буд. Бо дидани ин манзара Диловаршоҳ нони дар дастбударо ба тарафе ҳаво дода, худро ҷонҳавла ба сӯи завҷааш партофт. Вале ҳайҳот. Завҷааш гаҳвора дар оғӯш аллакай ҷон дода буд. Як мағоза тири автомат тани ӯро сӯрох намуда, гаҳвораро низ шикаста пурхун намуда буд. Дар ҳамин ҳол се писарчааш низ чизеро пай бурда, ба хона давида даромаданд. Падарро диданд ки бо ашки шашқатор беовоз гиря дорад. Писарчаҳо низ дар як дам худро ба оғӯши ҷисми модари беҷон партофта, фиғон бардоштанд.Иттифоқан ин ҳангом овози гиряи духтарчааш баланд мешавад. Диловаршоҳ, ки гаҳвораи хунолуди тоҷикро дида буд, (дар таърихи солҳои 90-и халқҳои шӯравӣ чунин амалҳо танҳо нисбати тоҷикони кӯҳистон анҷом дода мешуданд) гумон дошт, ки духтарчааш низ фавтидааст. Зуд ҷасади завҷаашро аз болои гаҳвора поён кашида, ба даруни гахвора назора кард. Он ҷо Бунафшаи якунимсолаи аз хуни модар селборонгашта ва аз китфаш ярадоргаштаро, ки аз дарди сахт чирос мезад зинда мебинад. Ба зуди ӯро аз гаҳвора кашида ҷарроҳи шиносро ки ба бахти баландаш зани руси ҳамсояашон буд, ҷеғ мезанад. Муоина нишон дод, ки тири палидони одамкуш аз ҷойи сергӯштии китф гузашта, ба устухон осебе нарасонидааст. Ҷарроҳ зуд ҷойи захмро шуста марҳам молида, кӯк зад… Ногоҳ чашми Диловаршоҳ ба 3 писарчаи гуруснааш, ки дар гӯшаи хона аз гуруснагӣ сари нони овардааш, талош доштанд афтод. Ноне ки ҳангоми ҳаво додан дар кӯлмаки хуни завчааш лоларанг гашта буд, барои ба даст овардани луқмаи зиёд афту дарафт доштанд. Ин ҷо ибораи шоир Маҳмуди Тарзӣ ба ёдаш омад:
«Шаҳидони хуни Фарангем мо,
Зи хуни ватан лоларангем мо!»
Диловаршоҳ баъди гӯручӯби завҷааш ва қадре сиҳат ёфтани духтарчааш умуман пас аз чунин ҳодисаҳои даҳшатнок якумри ватани бобоиро тарк кард. Бехуда нагуфтаанд, ватан он ҷост, ки озораш набошад…
ӯ озими шаҳри Санкт-Петербург ва истиқоматкунандаи ин шаҳри машҳури олам гашт. Рӯзҳои аввал барои хӯрондану пӯшонидани 4 фарзанд танқисӣ мекашид, лекин оҳиста-оҳиста ёру дӯстон пайдо кард, ҳамхизматҳояшро ёфт. Саргузашти талхи кушта шудани завҷааш ҳамхизматонро хело гирён кард ва лаънат ба чунин инсонҳои бедонишу бечоруқ хонданд. Бо мадади дӯстон аввал соҳиби ҷойи истикомат, баъд ҷойи кори доимӣ шуд. Оҳиста - оҳиста зиндагӣ маҷроӣ дигар гирифта, аллакай ӯ соҳиби хонаи шахсӣ, молу мулк ва ҷойи кори сердаромад гардида буд. Акнун ба гуфти худаш ба қатори одамон даромада буд. Диловаршоҳ баъдан як одати баде пайдо карда буд. Ҳар гоҳе, ки ҳодисаи бо сад алами тоҷикона куштани завҷаашро аз тарафи тангчашмон ба ёд меовард, зор-зор мегирист ва хело арақ нӯшида, худро таскин мебахшид. Дар чунин ҳолатҳо дер ба хона меомад. Зимистони соли 2001, ки дар шаҳри Санкт-Петербург барфи зиёде борида ҳаво сард буд, Диловаршоҳ боре хело нӯшида, ба хона бар нагашт. Соат аз нӯҳи шаб гузашта бошад ҳам, аз ӯ дарак нашуд. Он гоҳ духтарчаи даҳсолааш Бунафша мехост бо бародарони 17 сола 15 сола ва 14 солаи худ ба кофтукови падар бароянд, шояд ӯ нӯшида, дар ин сармои қаҳратун хобаш бурда бошад, лекин бародарон дар ин тундбод аз хонаи гарм баромадан намехостанд. Ноилоҷ ин духтараки 10 сола, ки аз наомадани падар мурғаки пойсухтаеро мемонд, либоси ғафсашро пӯшида, бо чароғаке берун баромад. Иттифоқан дар наздикии хонаашон муйсафеди славяннамоеро дид, мӯйсафед ба ин духтарчаи танҳо дар ин бевақтии шаб пайдо гашта диққат дода, чизеро ҳис кард ва аз ӯ суол кард, духтарам чӣ мекобӣ дар ин сармо ва бевақтии шаб? Бунафша ҷавоб дод, ки падараш аз кор дер омада истодааст. Мӯй сафед ба сӯи боғи миёни роҳ, ки анбӯҳи дархатони зиёде дошт ишора карда гуфт, ки он ҷо зери дарахте шахсе хоб аст ва шояд маст низ бошад, ба ҳар ҳол намедонам, шояд падаратон бошад. Бо шунидани ин навид ин духтарак ҳама тарсро аз кунҷи дилаш дур карда, ба он боғи сердарахт ва торик давида рафт. Падарашро онҷо дид, ки зери дарахте болои ях «баҳузур» хоб аст. Кӯшиш кард ӯро бедор карда хона барад, лекин ҳама кораш барабас рафт. Акнун ба сӯи хона ба назди бародарон, ки дар хонаи гарм, боҳаловат телевизор тамошо мекаранд давида омада, оид ба ёфт шудани падар хабар дод. Аммо бародарон ба ӯ эътиборе надода гуфтанд, ки ҳушёр шавад худаш хеста меояд. Охир чӣ гуна дар сармои 20-30 дараҷа боз баъди арақнӯши падарашон то рӯз зинда монда меояд, суол медод ӯ ба бародарон. Кӯшишҳои ӯ барои овардани падар натиҷае надоданд. Он гоҳ ин духтараки резапайкар ва ҷасурро фикре ба сар зад. Давида рафта кӯрпаю кӯрпачаи ғафсеро бо ресмон печонида, аз хона бурун шуд. Зери дарахт кӯрпачаи ғафсро андохта, падари масташро бо азобе ба болои он тела дода хобонид. Баъдан кӯрпаи ғафсро низ аз боло кашида, худаш ба оғӯши падар даромада, бадани ӯро молиш дода гарм кард. Зеро аллакай хело хунукӣ ба бадани ин шахси боданӯшида таъсире расонида онро карахт карда буд.
Дар ин шаби зулмонии хунук ва ин дархтзори беодаму хавфнок то рӯз ҳамроҳи падари бадмаст хоб рафта, заррае намонд, ки кӯрпаро аз болояш партояд. Соатҳои қарибии 7- рӯз Диловаршоҳи бадмаст ба худ омада, худро зери кӯрпаи ғафс ва гарм ҳамроҳи духтарчааш даруни боғи барфпӯш дид. Сабаб пурсид. Духтарчаи 10 сола ҳамаи воқеаро гуфта дод. Диловаршоҳ аз ин амали қаҳрамононаи духтарчааш зор-зор гирист. Охир агар ин духтарча намешуд шояд ӯ зинда намемонд. Аз ҷой бархеста кӯрпаю кӯрпачаро ҷамъ карда, ба хона омаданд. Диловаршоҳ аз ин воқеа хело муттасир гашта буд. Беҳуда нагуфтаанд:
«Басе духтар, ки соҳибтоҷ гардад,
Ба гирдаш сад писар мӯҳтоҷ гардад!»
Аз имрӯз эътиборан писари калонии ман хоҳаратон аст!- иброз дошт ба писаронаш Диловаршоҳ. Ин воқеа падарро он қадар муттасир намуда, ки ӯ боданӯширо кулан хотима бахшида, ба тарбияи дурусти фарзандон машғул гашт.
Бахусус комёбиҳои Бунафша-хатмкардаи Донишгоҳ дар Руссия ва айни замон хонандаи аспирантура бисёр хотирмонанд. ӯ на танҳо боиси ифтихори падар, балки боиси ифтихори миллат низ мебошад.
Оре, зан-модари тоҷик дар ҳама давру замонҳо бузургтарин қаҳрамони миллати мо буд ва хоҳад монд. Модар аст, ки ҳама вақт аввалин зарбаи аҷнабиёни тоҷиккушро ба ҷони худ қабул мекунад, аҷдодашро аз дами теғ мераҳонад ва оташи гарми дудмони аҷдодиро гарм ва равшан нигоҳ медорад. Беҳуда нависандаи ин сатрҳо 5 сол муқаддам соли 2012 пешниҳоди худро дар нашрияҳо оид ба гузоштани «Муҷассамаи модари дардкашидаи тоҷик» -ро дар пойтахти кишвар ба миён нагузошта будам!
Варқаи ЗАЙНИДДИН,