БА ҚУБОДИЁН “TAYOTA ”, БА НОСИРИ ХУСРАВ “OPEL»


Ба кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён ва Носири Хусрав нақлиёти хизматӣ тақдим карда шуд.  Дар ин бора аз маркази матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба «САФО» хабар доданд. 

Гуфта мешавад, ки дар маросими супоридани калидҳои нақлиёти хизматӣ муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён иштирок намуда, иброз доштаанд, ки бо мақсади густурда ба роҳ мондани фаъолияти ҳизбӣ, хусусан, дар деҳотҷойҳои дурдаст чунин тасмим гирифта шудааст. 

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Маҳмадаюб Шарифзода зимни суҳбат гуфт, ки: “Дар ноҳияи мо деҳаҳои аз марказ дур зиёданд. Чорабиниҳои ба манфиати халқ нигаронидашудаи ҳизбиямон низ кам нестанд, аммо барои тез-тез ба он мавзеъҳо рафтан мушкилоти қобили мулоҳиза пеш меомад. Акнун ки соҳиби нақлиёти хизматӣ шудем, бовар дорем, боз ҳам беҳтар фаъолият карда метавонем. Барои ин туҳфа, пеш аз ҳама, аз Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорем!”


Иқдоми мазкур тайи ду соли охир ҷараёни тоза гирифта, дар муддати кӯтоҳ кумитаҳои иҷроияи 17 шаҳру ноҳия соҳиби автомашинаҳои гуногунтамға, аз қабили “Mercedes Benz”, “Hyundai Tucson”, “Chevrolet Cruze”, ”Lacetti Cruze”, “Opel”, “Нива” ва ҳоказо гардиданд. Феълан ба ғайр аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дигар ҳамаи сохторҳои ҳизбӣ соҳиби автомашинаҳои хидматӣ шудаанд.

                                                                                     Сулаймон СУЛТОНОВ

Добавить комментарий