Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ХУРОСОН. ОИЛАҲОИ ЗАРАРДИДА БА СОХТМОНИ ХОНАҲОИ НАВ ШУРӮЪ КАРДАНД

Ба 67 оилаи зарардидаи ноҳияи Хуросон, ки дар натиҷаи омадани сел аз рӯзҳои 14 – 16 –уми май бесарпаноҳ монда буданд, рӯзи 24 майи соли ҷорӣ ба миқдори 0,08 гектари қитъаи замин дар мавзеи Чорбоғи ноҳия тақсим карда шуд.
Тавре сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон Муродҷон Муйдинов иттилоъ дод, сохтмони хонаҳои нав дар ин мавзеъ бо маром идома дорад. Аллакай таҳкурсии қисми зиёди манзилҳои истиқоматӣ бунёд гардидаанд.
-Қитъаҳои ҷудогардидаи замин аз ҷойи селроҳа дур буда, ба оилаҳои зарардида асноди заминҳои нав дастрас карда шуд. Ҳамарӯза дар маҳаллаи навбунёд 500 – 600 нафар ихтиёриён дар сохтмони хонаҳо кумак мерасонанд. Сохтмончиён бо тамоми лавозимоти сохтмонӣ ва техника таъмин буда, барои тезонидани кор (кор кардан дар вақти шабона) дар ин маҳал чароғҳои неруманд насб гардидаанд. Маҳаллаи навбунёд инчунин бо хати оби нӯшокӣ таъмин мебошад, - гуфт ӯ.

Номбурда ҳамчунин афзуд, ки ҳамарӯза ба аҳолии зарардида ва шахсони ихтиёрии ба кумаки онҳо пайваста бо дастури раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода хӯроки гарм дода мешавад. Ҳамчунин дар ин маҳаллаи навбунёд табибон ба таври шабонарӯзӣ ба аҳолӣ хизмати баланди тиббӣ расонида истодаанд. То бунёди хонаҳои нав онҳо дар хаймаҳое, зиндагӣ хоҳанд кард, ки ҳоло дар ихтиёр доранд.
Зимни суҳбат даҳҳо нафар сокинони зарардида аз дастгирию кумакҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва соҳибкорону ашхоси саховатманд сипоси беандозаи хешро баён карданд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР


