РУСТАМ ШОТЕМУР ВАФОТ КАРД
21 май дар оромгоҳи Захаровское шаҳри Москва маросими дафни Рустам Шотемур - фарзанди Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шотемур баргузор гардид. Дар ин бора ба «САФО» сухангӯи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Иброҳим Аҳмадов хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, Рустам Шотемур фарзанди дуввуми Шириншо Шотемур санаи 15 май вафот намуда, бинобар сабаби ба маросими дафн дер ҳозир гаштани писараш, ки феълан дар Украина иқомат дорад, маросими дафн имрӯз сурат гирифтааст.
Рустам Шотемур 25 январи соли 1936 дар Маскав таваллуд шуда, Институти ҳавонавардии Москваро аъло хатм намуда, солҳои тӯлонӣ ба ҳайси муҳандис-конструктор дар соҳаи тайёрасозӣ фаъолият намудааст.
Аҳли байти Рустам Шотемур гуфтаанд, бар асари ҳолати бамиёномадаи пандемияи коронавирус хоҳиши охирини Рустам Шотемур –дар Тоҷикистон ба хок супоридани ӯро иҷро карда натавонистаанд.
Мемоншо Мемоншоев - роҳбари Фонди хайриявии ҳимояи модару кӯдак дар Россия бо номи «Найди меня мама», дар маросими дафни Рустам Шотемур иброз кардааст, ки ӯ мехост ва доим таъкид мекард, ки «маро дар Ватани падарам дафн кунед, маро доим ба он тараф мекашад».
Аҳли эҷоди «САФО» аз марги Рустам Шотемур андуҳгин буда, ба аҳли байти ӯ изҳори тасаллият мекунад.
(Расм аз бойгонии Мемоншо Мемоншоев)