КУМАКИ СОҲИБКОРОНИ ТОҶИК БА МУҲОҶИРОН

 Раҳимҷон Бобоҷонов - ҳамватани саховатпешаи мо, ки феълан сокини Федератсияи Россия мебошад, ба 130 нафар тоҷик ба маблағи 5 ҳазор рублӣ, муодили тақрибан 750 сомонӣ, кумак расонидааст. Дар ин бора сухангӯи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Иброҳим Аҳмадов ба «САФО» хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ  санаи 20.05.2020 аз номи соҳибмулки силсилаи мағозаҳои «Экономмаркет», Бобоҷонов Раҳимҷон Миҳибович, ки тоҷики муқими Россия мебошад ин кумак расонида шудааст.

- Намояндаи соҳибкори тоҷик Бобоҷонов Раҳимҷон дар минтақаи Урал Тутиев Диловар дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар ҳузури консули генералӣ ва корманди Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба 130 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакпулӣ дар ҳаҷми 5 ҳазор рубл ба ҳар як нафар расонида шуд- илова кард И. Аҳмадов.

Гуфта мешавад, ки рӯйхати ниёзмандон дар асоси муроҷиати шаҳрвандон ба Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия тартиб дода шуда буд.

Ҳамчунин Ташкилоти ҷамъиятӣ “Автономияи миллии тоҷикони Ҷумҳурии Тотористон” дар ФР,  Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон “Сомон”-и Ҷумҳурии Бошқирдистон бо мусоидати Намояндагӣ таърихи 20.05.2020 сол ба ниёзмандон, муҳоҷирон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои гуногуни шаҳри мазкур маводи озуқаворӣ расонидаанд.

-  Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо тамоми доираҳои соҳибкорӣ робитаро мутаҳкам намуда тадбирҳоро меандешад, то ба шаҳравандони бурунмарзии кишвар дар рӯзҳои мушкил кумакҳои моддиву равонӣ расонида шавад, - хулоса кард манбаъ.

                                                                                Ф. АБУБАКР
Добавить комментарий