ХЎШАҲОИ ГАНДУМ ПУРБОРАНД
Кишоварзи асилу кордида Саидаҳмад Бобоев -муйсафеди 70-75 сола, мотосикл меронад. Ӯро ҳар субҳ фарзандон дар қитъаи замини ҳоҷагии деҳқониаш гарм истиқбол мегиранд. Падару писар ва модар, ки ҳар яке дар хоҷагии “Наврӯз”-и ноҳияи Дӯстӣ ба кишт ва парвариши зироати гуногун масъул мебошанд, нахуст дар бошишгоҳи саҳроӣ ба ҳам омада, реҷаи ҳамонрӯзаи кориашонро тартиб медиҳанд. Ба ҳамин восита онҳо дигар аъзои оиларо барои анҷом додани ин ё он кори саҳро вазифадор менамоянд.
Бобои Саидаҳмад бо аҳли хонаводаи бузургаш ҳамарӯза корашонро дар замин ҳамин тавр оғоз мебахшанд. Ҳоло аҳли заҳмати хоҷагии мазкур асосан ба нарм кардани ниҳолони пахта машғуланд. Онҳо дар аксари ҳудуди замини хоҷагии деҳқонӣ пахта кишт намудаанд, ки нашъунамои ниҳолон хеле хуб ба назар мерасанд. Аз 15 гектар замин агар 11 гектарашро пахта ташкил диҳад, пас дар 3 гектари он бобои Саидаҳмад барои таъмини эҳтиёҷоти хонаводаи худ бо маҳсулоти аввалияи ғизоӣ гандум кишт намудааст, ки имсол хӯшаҳои он ниҳоят пурборанд. Ин деҳқони корозмуда мисли дигар кишоварзон фаровонҳосилиро пеш аз ҳама дар интихоби дурусти тухмии хушсифат мебинад. Аз ин лиҳоз ӯ бо дарку фаҳмиш ва таҷрибаи худ ду сол қабл аз миёни киштзори гандум хўшаҳои сердонро ҷудо карда гирифта, соли дигар кишт намуд ва бо натиҷаи хуб додани он ин амалашро идома дод.
Саидаҳмад Бобоев, ки беш аз панҷоҳ сол боз дар замин кор мекунаду бо арақи ҷабин аз маҳсули дасти худ нони ҳалол мехӯрад, мусаллам аст, ки дар ин айёми умри бобаракаташ оид ба соҳаи кишоварзӣ таҷрибаи зиёд андўхтааст. Аз соле, ки ӯ хоҷагии деҳқонии худашро ташкил намуд, то инҷониб дар баробари дигар намуди зироат ба кишту парвариши ғалладонагӣ ҳам афзалият дода, нозукиҳои онро хуб омӯхтааст.
Дар хонаи онҳо ҳар моҳ ба ҳисоби миёна шаш халта орд сарф мешавад. Зеро оилаи онҳо калон аст. Ин марди хирад падари 14 фарзанд мебошад. Ҳашт писару шаш духтар. Аз ин лиҳоз онҳо ҳама якҷо шабу рӯз дар замин заҳмат мекашанд, то ин ки рӯзгори обод дошта бошанд.
Бобои Саидаҳмадро панҷ панҷааш ҳунар аст. Ӯ ошпази моҳир низ ҳаст ва бо ҳамин касбу кори падариаш дар ҷамоати деҳоти Гараутии ноҳияи Дӯстӣ ном баровардааст. Беш аз 40 сол мешавад, ки вай дар хизмати мардум аст. Дар як дег то 100 килограмм ош дам мекунад. Фасли сармо ба ҳамин кор банд аст. Бекориро вай намеписандад ва фарзандонашро ҳам ҳамеша ба меҳнатдўстӣ талқин менамояд. Ҳамсари ин марди фозил мисли худаш дастбакор аст. Дар баробари мардон холаи Файзимоҳ ҳар рӯз дар саҳро аст. Ӯ дар хоҷагии “Наврӯз” масъулияти обчакориро ба уҳда дошта, барои солҳои дароз дар хона маводи ғизоӣ, мисли гандуму биринҷ ва лўбиёгиҳоро захира мекунад.
Роҳбари хоҷагии деҳқонии “Наврӯз”-и ноҳияи Дӯстӣ аз ҳосили имсола изҳори хушнудӣ мекунад. Ба гуфтаи Саидаҳмад Бобоев соли гузашта дар натиҷаи таъсири оби зеризаминӣ ҳосил хуб нашуда буд. Имсол бошад, сабзиши ҳамаи зироат, аз ҷумла гандум, лўбиёгиҳо, картошка ва тарбузу харбуза мувофиқи мақсад аст.
Дар урфият мегӯянд, ранҷ бе ганҷ нест. Ё ҳеҷ заҳмат бе подош намемонад. Дар воқеъ, агар ҳамаи мо мисли Саидаҳмад Бобоев заҳмат кашем, на танҳо манфиатамон ба оилаи худамон мерасад, балки аз маҳсули дасти мо дигарон баҳравар мегарданд, ки ин барои ҳар як инсони комил шарафи бузург аст.
Амонулло БАХТИЁРЗОДА