Бойгонӣ

ТАБОБАТИ 17 НАФАР БЕМОРОНИ СИРОЯТӢ ДАР ДАНҒАРА

Аз беморхонаи марказии ноҳияи Данғара 17 нафар беморони сироятӣ пас аз табобати комил ба хонаҳояшон рухсат шуданд.  

Дар ин бора сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  khatlon.tj  иттилоъ додааст. 

Тавре сардухтури беморхонаи мазкур Сайдалӣ Ҳакимзода ба манбаъ гуфтааст, ин беморон баъди талошҳои табибони ин муассисаи тандурустӣ баъди 14 рӯз пурра шифо ёфта ба хона рухсат шудаанд. 

Манбаъ мегӯяд, ин аввалин  гурӯҳи табобатёфтагон будааст, ки ба зиндагии муқаррарӣ баргардонида мешаванд.

Ҳамзамон Сайдалӣ Ҳакимзода, сартабиби беморхона зимни маросими рухсат шудани табобатёфтагон таъкид намудааст, то онҳо гигиенаи шахсӣ ва қоидаҳои беҳдоштиро дар хона  ҳатман риоя намоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар пайравӣ аз Пешвои муаззами миллат –Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд рӯз пеш аз тарафи роҳбари дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ба ин беморхона кумаки моддӣ аз ҷумла 100 кати тиббии хоб, 100 курпача бо 100 болишти пахтагӣдар маҷмуъ 100 рахти хоб расонида шуд.  

Ин иқдом аз ҷониби шахсони саховатпеша идома дорад.

                                                                  Абӯбакри Файзалӣ

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019