БЕМОРИҲОИ ЗАНБУРУҒӢ: Capчaшмaи пaйдoиш вapoҳҳoи пeшгиpии oн
Аз пурсишу мушоҳидаҳо атрофи муроҷиати сокинон ба муассисаҳои тандурустӣ чунин бармеояд, ки солҳои охир мардум бештар ба табибони бемориҳои ғадудҳои даруна ва касалиҳои пӯст муроҷиат менамоянд. Навбатпоии тӯлонӣ паси ҳуҷраи мутахассисони ин соҳа дар аввал андешаеро ба бор меорад, ки гӯё барои муоина ва фармоишҳои тиббии як бемор вақти зиёд сарф мешавад. Аммо нафароне, ки боре барои ину он беморие ба духтур муроҷиат кардаанд, ба хубӣ дарк менамоянд, ки ба хотири ёфтани шифои оҷилӣ соатҳо дар суҳбати табибон нишастан кам аст. Барои огаҳӣ ёфтан аз вазъи бемориҳои пӯст дар вилояти Хатлон рӯ овардем ба Маркази вилоятии бемориҳои пӯст ва сирояткунандаи ҷинсии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Аз суҳбат бо муроҷиаткунандагони Маркази мазкур маълум гашт, ки бештари онҳо аз бемориҳои замбурӯғӣ азият мекашанд. Барои рӯшанӣ андохтан оид ба сабабҳои пайдоиши ин беморӣ ва роҳҳои пешгирию табобати он суҳбате доштем бо Ҳабибулло РАҶАБОВ, мудири Маркази вилоятии бемориҳои пӯст ва сирояткунандаи ҷинсии вилояти Хатлон.
- Муҳтарам Ҳабибулло РАҶАБОВ, мехостем оид ба вазъи бемории замбурӯғӣ дар вилояти Хатлон каме маълумот медодед.
- Бемории замбурӯғӣ як навъ бемориест, ки бештар дар қисми болоии бадан паҳн мешавад. Зеро қисмати болоии бадани инсон нисбатан гарм буда, эҳсоси хоришро ба амал меорад. Ин беморӣ аслан дар мавсими тобистон ва тирамоҳ хуруҷ мекунад. Дар шароити имрӯза бештар бо ду навъи бемории замбурӯғӣ - микроспорӣ ва трихофитӣ вохӯрдан мумкин аст, ки онҳо дар навбати худ аз бемориҳои замбурӯғи пӯсти ҳамвор, қисмати мӯйдори сар ва нохунҳои панҷаҳои дасту пой иборат мебошанд.
- Лутфан мегуфтед, ки сарчашмаи пайдоиши бемории замбурӯғӣ (грибок) аз куҷост?
- Ин беморӣ аз як узви хонавода тавассути истифодаи умумии пойафзол, сарулибосҳо, сачоқ ва рахти хоб дигаронро сироят мекунад. Ҳамчунин одамон аз риоя накардани гигиенаи шахсӣ, истифодаи асбобҳои ороишдиҳии нохунҳо дар кошонаҳои ҳусн ва инчунин сила намудани ҳайвонҳои хонагӣ, ки гирифтори бемории замбурӯғӣ мебошанд, сироят мешаванд. Ҳатто даст расондан ба пашму пӯсти ҳайвони бемор сабаби гирифтор шудан ба бемории замбурӯғӣ оварда мерасонад.
- Оё шакли пӯшидаи бемории замбурӯғӣ ё замбурӯғи амрози даруна ҳам вуҷуд дорад? Манзури ман баъзе иллатҳои меъдаву рӯда аст.
- Албатта, сарчашма ва пайдоиши шакли пӯшидаи бемории замбурӯғи амрози даруна ин истифодаи давомноки антибиотикҳо дар шакли ҳаб ва сӯзандору мебошад. Бархе аз модарон ба худтабобаткунӣ машғул шуда, бидуни тавсияи духтурон ба кӯдакони худ антибиотик медиҳанд, ки ин боиси касалиҳои замбурӯғи гулӯ ва сурхрӯда шуда метавонад. Аз ин рӯ, тавсияи мутахассисон чунин аст, ки барои пешгирӣ аз замбурӯғи амрози даруна ҳангоми табобат тавассути истеъмоли антибиотикҳо беморон бояд витаминҳои гуногунро истеъмол намоянд.
- Гирифторони бемориҳои замбурӯғӣ аз истеъмолу истифодаи чӣ гуна ғизо ё пӯшидани сарулибос бояд худдорӣ намоянд?
- Шахсони гирифтори бемории замбурӯғӣ бояд ҳатман аз либосҳои синтетикӣ даст кашида, либоси пахтагин бипӯшанд. Зеро матои синтетикӣ боиси хуруҷи ин гуна бемориҳо мегардад. Дар масъалаи истеъмоли ғизо бошад, тавсия дода мешавад, ки аз истеъмоли хӯрокҳои боднок, донагиҳо, тезӣ, ширинӣ, ғизоҳои бирён ва шӯрӣ парҳез намоянд.
- Ба андешаи шумо ҳамчун мутахассиси соҳа имрӯз барои пешгирӣ аз бемории замбурӯғӣ дар вилоят чӣ мушкилот вуҷуд дорад?
- Албатта, вобаста ба пешгирии саривақтии касалиҳои пӯст дар вилоят мушкилоти ҳалталаб зиёданд. Аз ҷумла, сари вақт муроҷиат накардани гирифторони бемориҳои пӯст ба табибони ихтисосманд, маълум набудани сарчашмаи сироят, аз назорат дур мондани аъзои оила, коркард нашудани сару либоси шахсони бемор, душвор будани бистарикунонии беморон, ки ин боиси пурра табобат нагирифтани эшон мегардад. Аммо итминон дорам, ки тариқи ба роҳ мондани суҳбату вохӯриҳо бо аҳолӣ ва боло бурдани сатҳи огоҳии сокинон мушкилоти мавҷудабартарафхоҳандгардид.
- Дар ҳамин шабу рӯз миёни сокинони вилояти Хатлон кадом намуди бемориҳои пӯст бештар мушоҳида мешавад?
- Одатан тобистон мавсими хуруҷи баъзе бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла, иллатҳои пӯст, бахусус, касалии замбурӯғӣ мебошад. Дар ҳамин шабу рӯз бештари муроҷиаткунандагон модароне мебошанд, ки кӯдакони гирифтори бемории илтиҳоби пӯстро ба муоинаи табибон меоранд. Мавриди зикр аст, ки сарчашмаи бемории илтиҳоби пӯст истеъмоли нодурусти ғизо мебошад. Истеъмоли маҳсулоте, ки сари роҳҳо озод ба фурӯш гузошта шудаасту харидори онҳо асосан кӯдаконанд. Аз ҷумла, картошкаихушк, ролтон, обҳои газнок ва ғайраҳо маҳсулоте мебошанд, ки ба саломатии инсон зарар доранд. Чаро ки иммунитети кӯдакон камқувват буда, организми онҳо аз лиҳози сироятшавӣ осебпазир мебошад. Аз ин рӯ, риоя нагаштани реҷаи рӯзонаи кӯдак, пайваста истеъмол намудани маҳсулоти ба саломатӣ зараровар, сари вақт муроҷиат накардан ба мутахассисони соҳаи тиб кӯдаконро ба бемориҳои аллергикӣ оварда мерасонад. Аз мушоҳидаҳо бар меояд, ки дар бештар мавридҳо аз беназоратии падару модарон кӯдакони хурдсоли онҳо мубталои ин беморӣ мегарданд.
Махфират ШОИМОВА