Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
25 ноя 14:20АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Маориф / Иҷтимоъ / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ
БОХТАР. ДАР ДАҲ МОҲ 43 ИНШООТ БУНЁД ШУД
Давоми моҳҳои сипаригардидаи соли равон, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар 43 иншооти таъиноти гуногун бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Дар иншооти бунёдгардида барои сокинон 115 ҷойи кории нав таъсис дода шудааст.
Дар ин бора мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар Икром Юсуфов ба “Сафо” иттилоъ дод.
Номбурда гуфт, ки соли равон дар шаҳри Бохтар бунёди 62 биною иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то инҷониб 70 фоизи онҳо сохта ба истифода дода шудаанд.
-Дар маҷмӯъ бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии мамлакат, дар шаҳри Бохтар бунёди 300 иншооти гуногунтаъинот ба нақша гирифта шуда, аз ин шумора то инҷониб 220 адади он бо таъсиси 399 ҷойи нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, - гуфт И. Юсуфов.
Ба иттилои Икром Юсуфов то инҷониб дар соҳаи саноат 4 иншоот, фарҳанг-2 адад, варзиш – 6 адад, савдо ва хизматрасонӣ – 33 адад, нақлиёт ва коммуналӣ – 78 иншоот, соҳаи маориф – 3 адад, сохтмони биноҳои баландошёна – 49 адад ва дигар иншоот 45 адад бунёд гардида, дар онҳо сокинони зиёде бо ҷойи кори доимию мавсимӣ ва маоши хуб таъмин гаштанд.
С. СУЛТОН
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



