Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
КОМЁБӢ АЗ ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА РӮЙИ КОР ХОҲАД ОМАД
Китоб ҳамчун шиносномаи шоистаи ҳар як халқу миллат барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ва рушди он, таҳкиму тақвият ёфтани ҳуввияти миллӣ ва худогоҳиву худшиносии ҳар як фард нақши бузург дорад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар ҳақиқат, китоб-ягона манбае мебошад, ки ҳар як шахс метавонад тариқи мутолиаи он ақлу хирад, дониш, заковат, зеҳн ва фикронии худро сайқал диҳад. Ҳамзамон, китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, маҳзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хосса ойинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст.
Қобили зикр аст, ки дар ҳар давру замон китоб ба инсон ғизои маънавӣ медиҳад. Маҳз Пешвои маорифпарвари миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро яке аз соҳаҳои афзалиятнок ҳисобида, дар таҳкими пояҳои давлатдориии демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона, рушду нумӯи кишвари биҳиштосоямон, мақом ва манзалати маорифро дар ҷойи аввал гузоштааст. Тавре ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомоалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021, инчунин дар ҷаласаҳои корӣ, вохӯрию мулоқотҳо ва зимни сафарҳояшон ба манотиқи гуногуни мамлакат, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, борҳо таъкиду вазифагузорӣ намудаанд, ки “...баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар” яке аз ҳадафҳои асосии мо мебошад.
Бо иқдоми хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” тули ҳафт сол аст, ки ба як ҳаракати фарогири маърифатӣ ва фарҳангӣ табдил ёфтааст. Ин озмун на танҳо василаи бедории завқи китобхонӣ, балки роҳи устувори баланд бардоштани маърифати ҷавонон, таҳкими худшиносӣ ва бедории зеҳнии ҷомеа мебошад. Дар замоне, ки ҷаҳони муосир пур аз иттилооту хатарҳои иттилоотии бегона аст, китоб - василаи муҳимми ҳифзи ҳувият ва фарҳанги миллӣ мебошад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат доимо таъкид менамоянд, ки ҷомеаи мо танҳо бо дониш, маърифат ва китобхонӣ метавонад муваффақ ва пешрафта гардад. Ҳадафи асосии Пешвои муаззами миллат аз баргузории ин озмунҳо, пеш аз ҳама дарёфти чеҳраҳои нави соҳибистеъдод, донишманд, китобхону сухандон ва тарғиби ҳунару фарҳанг, илму дониш, китобу китобхонӣ миёни аҳолии кишвар ва арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик аст.
Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” то ин давра тавонист чеҳраҳои нави илму адабро муаррифӣ кунад, муҳаббат ба китоб, забони тоҷикӣ ва дигар забонҳои ҷаҳониро таҳким бахшад, дар миёни кӯдакон, ҷавонон ва қишрҳои дигари ҷомеа рӯҳияи ватандорӣ, хештаншиносӣ ва зиракии сиёсиро тақвият диҳад. Баҳри дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ гардидани озмуни зикргардида саҳми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус вазири маориф муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро назаррас мебошад.
Ҳамин аст, ки Пешвои маърифатпарвари кишвар борҳо қайд намудаанд, ки “Имрӯз нақш ва мақоми китоб ҳамчун манбаи муҳими дониш ва таҳқиқи масоили гуногуни таъриху сиёсат, иқтисодиёту маънавиёт ва маорифу фарҳанги халқамон беш аз пеш меафзояд.”
Дар доираи ташаббусҳои созандаи Пешвои кишвар аз ҷониби раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид баҳри ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар озмуну олимпиадаҳо соли 2025 дар вилояти Хатлон ҳамчун “Соли фарҳанги китобхонӣ” эълон карда шуд.
Аз ҷониби раёсати маорифи вилояти Хатлон баҳри иҷрои ташаббусҳои созандаву бунёдкорона варақаҳои иттилоотӣ (буклетҳо) бо суханони Пешвои муаззами миллат вобаста ба аҳамияти китобхонӣ ва бо матни муроҷиатнома оид ба амалӣ гардонидани ин ташаббус нашр гардида, миёни сокинони вилоят тақсим ва тарғиб карда шуд. Бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб намудани хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба китобхонӣ ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон санаи 25.05.2024 дар ноҳияи Данғара баёндошта ва иҷрои супоришҳои протоколи ҷаласаи назоратии назди раиси вилояти Хатлон аз 27.05.2024, №18 дар асоси қарори мушовараи раёсати маорифи вилояти Хатлон рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамчун “Рӯзи хониши бадеӣ” эълон гардида, барои роҳбаландии хонандагон дар интихоби китобҳои бадеии ба сину соли хонанда мувофиқ нусхаи адабиётҳои тавияшавандаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шуд.
Оид ба иҷрои қарори мазкур фармоиши сардори раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон “Ҷиҳати тақвият бахшидан ба хондани китобҳои бадеӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии вилояти Хатлон” ба имзо расида, тибқи фармоиши мазкур даври аввали санҷиши хондани китобҳои бадеӣ аз ҷониби хонандагон бо ҷалби падару модар аз 2 то 7 январи соли 2025 дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо гузаронида шуд.
Бо ташаббуси раёсати маориф озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи асарҳои илмию бадеӣ” миёни мудирону кормандони шуъбаҳои маориф, директорону кормандони муассисаҳои таълимӣ, марказҳои таҳсилоти иловагӣ, технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо, инчунин озмуни вилоятии «Китобхони беҳтарин» таҳти унвони «Китоб-маъвои хирад» миёни мураббиён ва мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ташкил гардида, давоми соли 2025 ба сабқати мазкур ҳамаи соҳаи маориф ҷалб гардид.
Чунин тадбирҳо рӯйи кор омад, ки имсол аҳли маорифи вилояти Хатлон, ғолибони даври вилоятии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар даври ниҳоӣ бо нишон додани донишу истеъдоди баланди суханварию китобдонӣ сазовори ду ШОҲҶОИЗА ва 26 ҷойи намоён гардиданд. Аз шумораи умумии 26 ҷойҳои бадастомада 3 нафар соҳиби ҷойи якум, 6 нафар соҳиби ҷойи дуюм ва 17 нафар соҳиби ҷойи сеюм гардиданд, ки дар радабандӣ миёни дигар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вилояти Хатлон мавқеи аввалро соҳиб гардидааст. Пирӯзии мазкурро ба аҳли маорифи вилояти Хатлон муборак бошад!
Бо ба даст овардани дастоварди мазкур сидқану самимона миннатдории аҳли маорифи вилояти Хатлонро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои милла, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати роҳандозӣ намудани чунин озмунҳои маърифатӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ, ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро вобаста ба дастгириҳои соҳаи маорфи вилояти Хатлон, ба раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид оид ба дастгириву роҳнамоиҳои созандаву бунёдкорона баён менамоям.
Бо шиори ҳамешагии Пешвои муаззами миллат “ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ!!!” маорифи вилояти Хатлон кӯшиш менамояд дар арсаи байналмилалӣ низ муаррифгари маорифи Тоҷикистон бошанд.
Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода
Добавить комментарий
Ахбор
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:59РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:54РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:48ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ - НИШОНАИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ 18:41МУСОБИҚАИ КУШОДИ ШАҲРӢ ОИД БА ҶУДО БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ БОХТАР 18:34РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРИ 103-СОЛАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ РАФТАНД 18:27ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА 18:21ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД 14:06
Серхонандаҳо
ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД
БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ. АЗ ЧӢ БОЯД ЭҲТИЁТ КАРД?
ҶАЙҲУН. ОЗМУНИ “КИТОБХОНИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ГАРДИД
ЁВОН. ЯК КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИД
ҶАЙҲУН. ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ОҒОЗ ШУД
МОДАР
ХАТЛОН. ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ШУҶОИ ВАТАН
БО ЗАМИН ҲАМНАФАС, БО ЗАҲМАТ САРБАЛАНД
ЛЕВАКАНТ. КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ХИШТ БУНЁД МЕШАВАД



