Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Хатлон. Маъракаи кишти пиёзу картошка оғоз шуд


Дар вилояти Хатлон маъракаи кишти пиёзу картошка оғоз гардида, тибқи нақша бояд дар майдони нуҳ ҳазор гектар пиёз ва дар майдони ҳашт ҳазор гектар картошка кишт карда шавад.
Дар ин хусус, Баҳодур Ҳасанзода, сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон ба “Сафо” иттилоъ дод.
Номбурда гуфт, ки аз нуҳ ҳазор гектари нақшаи кишти пиёз ҳафт ҳазор гектар ва аз ҳашт ҳазор гектар нақшаи кишти картошка 3950 гектари он кишти барвақтии ин ду маҳсулоти ниёз аввал мебошанд.
То инҷониб аллакай нақшаи кишти пиёз 51 дарсад иҷро гардида, хоҷагидорон азм доранд дурнамро сад фоиз иҷро намоянд.
Нақшаи кишти картошка низ дар ноҳияҳои Дӯстию Ёвон оғоз гардида, масъулин аз тухмиҳои хушсифати ватанӣ истифода бурда истодаанд.
-Дар ноҳияи Дӯстӣ, дар майдони 23 гектар кишти картошка зери плёнка ба роҳ монда шудааст, ки ҳосили он то моҳи апрел ҷамъоварӣ карда мешавад. Ин таҷриба соли дуюм аст, ки роҳандозӣ гардида, натиҷааш хуб арзёбӣ мегардад. Хоҷагидорон азм доранд кишти зери плёнкаро бештар ба роҳ монанд, - гуфт Ҳасанзода Б.
Ба иттилои Баҳодур Ҳасанзода, иқлими вилояти Хатлон барои кишту парвариши ин ду маҳсулоти ниёзи аввал мутобиқ буда, ҳамасола кишоварзон ҳосили хуб ба даст меоранд ва бозорҳои дохилию берун аз вилоятро бо маҳсулоти хушсифати пиёзу картошка таъмин менамоянд.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?


