Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ЧАҲОР ШОҲҶОИЗА ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ"
4 декабри соли 2025 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар ҷамъбасти озмун чор нафар довталабон сазовори Шоҳҷоиза шуданд.
Дар маросими имрӯзаи ҷоизасупорӣ, ки дар фазои идона ва бо ширкати намояндагони вазорату идораҳо, омӯзгорону хонандагон ва дӯстдорони китоб доир гардид, беҳтарин довталабони озмун дар сатҳи ҷумҳурӣ қадршиносӣ шуданд.
Табассуми Ҷиёнхон, хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Муъминобод, дар номинатсияи "Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ", Анушервон Раҳимов, донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи давлатии Данғара дар номинатсияи "Адабиёти классикии тоҷик", Умеда Шарифова, хонандаи синфи 4-и МТМУ №4-и ноҳияи Мастчоҳ, дар номинатсияи "Адабиёти муосири тоҷик" ва Фариса Холиқова, хонандаи синфи 10-и МТМУ №50-и ноҳияи Рӯдакӣ, дар номинатсияи "Адабиёти ҷаҳон" сазовори Шоҳҷоиза гардиданд.
Ин ғолибият бозгӯи талош, меҳнат ва шавқу рағбати насли наврасу ҷавон нисбат ба китоб ва маърифат буда, ташвиқи минбаъдаи фарҳанги мутолиаро дар ҷомеа тақвият мебахшанд.
М. Акрамов,
“Сафо”
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?



