Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ХӮРИШ АЗ АНҶИР
Хурмо – 1 дона
Анҷир – 1 дона
Барги салат (латук) – 3-4 барг
Панири сахти «Пармезан» – 20 грамм
Панири қаймоқӣ (навъи дорблю)- 40 грамм
Равғани зайтун – 1 қошуқ
Донаи анор – 2 қошуқ
Қаламфур ва намак мувофиқ ба хоҳиш
РАВАНДИ ОМОДАСОЗӢ:
Ҳамаи маҳсулоти лозимаро шуста, аз об хушк мекунем. Дар зарфи шишагин баргҳои салати шусташударо мечинем ва анҷирро бо хурмо шакли дилхоҳ реза карда, ба болои баргҳо мегузорем. Сипас панирро низ майда реза карда, аз болои меваҳо мечинем ва донаҳои анорро чун ороиши хӯриш ба болои хӯриш мепошем. Дар охир намаку каламфурро ба хӯриш ҳамроҳ мекунем ва панири пармезанро ба болои хӯриш аз турбтарошак гузаронида, мепошем. Бояд гуфт, ки ин хӯришро зиёд нигоҳ намедорем ва пас аз омода шудан дарҳол ба рӯи миз гузошта, истеъмол кардан хубтар аст.
"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо



