Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
СОЛИ ФАРҲАНГИ КИТОБХОНӢ – СОЛИ МУВАФФАҚИЯТ ДАР ХАТЛОН

Бо пайравӣ аз ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат, довталабони вилояти Хатлон дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ пайваста натиҷаҳои назаррас ба даст оварда, мақоми худро ҳамчун пешсаф дар рушди маънавиёт ва маърифат боз ҳам устувортар мекунад.
Соли равон аз вилояти Хатлон дар даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 111 037 нафар, дар даври вилоятӣ 957 нафар иштирок намуда, 90 нафар ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Довталабони вилояти Хатлон имсол ба дастовардҳои назаррас мушарраф шуда, 28 нафар (31%-и иштирокчиён) ғолибият ба даст оварда, тавонистанд аз ҳама нишондоди баландтаринро дар солҳои баргузории озмун ба даст оварда, соҳиби 2 ШОҲҶОИЗА, 3 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм ва 17 ҷойи сеюм гарданд.
Вилояти Хатлон дар тӯли солҳои охир дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Аз оғози баргузории ин озмун то имрӯз, намояндагони вилоят дар маҷмуъ 142 ҷойи ифтихорӣ ва 5 шоҳҷоиза ба даст овардаанд, ки ин нишондиҳандаи пешравии устувор ва иштироки фаъолонаи аҳли фарҳангу маърифат маҳсуб меёбад.
Мувофиқи маълумоти пешниҳодшуда соли аввали баргузории озмун довталабони вилоят ҳамагӣ 2 ҷойи ифтихориро соҳиб гардиданд. Сипас ин нишондиҳанда чунин буд:
- соли 2020 – 20 ҷой,
- соли 2021 – 19 ҷой,
- соли 2022 – 16 ҷой ва 1 шоҳҷоиза
- соли 2023 – 24 ҷой,
- соли 2024 – 33 ҷой ва 2 шоҳҷоиза,
- соли 2025 – 26 ҷой ва 2 шоҳҷоиза.
Ин дастовардҳо, бешубҳа, натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мебошанд.
Бо ташаббуси роҳбарияти вилоят, соли 2025 дар Хатлон “Соли фарҳанги китобхонӣ” эълон гардид, ки ин иқдом дар болоравии сатҳи маърифат ва рушди завқи китобдӯстӣ миёни наврасону ҷавонон нақши муассир дорад.
Дар қиёс бо солҳои гузашта шумори ғолибон аз Хатлон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ рӯ ба афзоиш дошта, ин шаҳодат аз ташаккули маънавиёти баланд ва ҳавасмандии рӯзафзуни наврасону ҷавонон ба илму фарҳанг мебошад.
М. Акрамов,
“Сафо”
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?


