Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Насби дурбинҳои назоратӣ дар партовгоҳҳо
Бо ибтикори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон дар партовгоҳҳои муваққатии шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилоят дурбинҳои мушоҳидавӣ насб карда мешавад. Иқдоми мазкур имкон медиҳад, ки вазъи тозагӣ дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо беҳтар гардад.
Тавре зимни суҳбат сардори ниҳоди болозикр Қурбоналӣ Собирзода иброз кард, аллакай дар назди чанде аз нуқтаҳои партовпартоии муваққатии шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Шаҳритус ва Хуросон дурбинҳои назоратӣ насб гардида, ҳамин гуна иқдом дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ роҳандозӣ карда мешавад.
Гуфта шуд, ки барои мушоҳида кардани нуқтаҳои партов дар Сарраёсат монитори калон насб карда шудааст ва назорати доимӣ имконият медиҳад, то реҷаи партофтани партов пурра риоя гардида, ҳолатҳои қонуншиканӣ сари вақт ошкор ва нисбати чунин ашхос чораҳои зарурӣ андешида шавад.
Ба андешаи Қурбоналӣ Собирзода то имрӯз ҳолатҳои зиёди партофтани партов дар канори роҳҳо, заминҳои кишоварзӣ ва ҷойҳои сукунати аҳолӣ ба мушоҳида мерасад. Ин амали баъзе аз сокинон боиси ифлосшавии обу ҳаво, замин ва сар задани ҳар гуна бемориҳо мегардад.
-Насби дурбинҳои мушоҳидавӣ дар доираи сиёсати давлатии ҳифзи муҳити зист амалӣ гардида, барои баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандии сокинон равона карда шудааст. Умедворем, ки ин иқдом метавонад барои беҳтар гаштани тозагии ҳифзи муҳити зист мусоидат намояд, - гуфт Қ. Собирзода.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



