Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ТАҚДИМИ ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛЛАТ -"ШОҲНОМА"-И ҲАКИМ ФИРДАВСӢ БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ КӮШОНИЁН
Имрӯз, 27-уми ноябри соли 2025, дар доираи иқдоми фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси ноҳияи Кӯшониён Холзода Муҳамадшариф ва масъулини соҳаҳои маорифу фарҳанг, бо собиқадорони меҳнати ноҳия вохӯрӣ намуда, ба онҳо асари безавол- «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсиро тақдим намуд.
Раиси ноҳия Холзода Муҳамадшариф зимни ҳадияи асари безавол- «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавси ба сокинони ҷамоату деҳоти ноҳияи иброз дошт, ки чунин ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон, эҳёи арзишҳои миллӣ ва таҳкими худшиносии фарҳангии ҷомеа заминаи мустаҳкам мегузорад.
Тӯҳфаи роҳбари давлат, асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ - «Шоҳнома» дар ҷамоату деҳоти ноҳияи Кӯшониён аз ҷониби намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, маорифчиён, аҳли фарҳанг ва дигар шахсони масъул ба мардуми ноҳия дастрас гардида истодааст.
Гуфта шуд, ки тақдими «Шоҳнома» аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо рамзи арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик, балки нишонаи муҳаббати бепоён ба ҳар хонаводаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
«Шоҳнома» на танҳо осори адабӣ, балки китоби худшиносии миллӣ, мактаби мардонагӣ ва рамзи ифтихори давлатдории тоҷикон мебошад. Ин иқдоми арзишманд дар дили ҳар сокини мамлакат эҳсоси ифтихор аз гузашта ва масъулият барои имрӯзро бедор мекунад.
"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?



