Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
АНҶИР: ҲАМ ҒИЗО, ҲАМ ДАВО
БЕҲТАР ШУДАНИ УЗВҲОИ ҲОЗИМА
Нахҳое, ки дар барги анҷир мавҷуданд, фаъолияти рӯдаро беҳтар намуда, ба коҳиши қабзият мусоидат мекунанд.
НАЗОРАТИ МЕЪЁРИ ҚАНД ДАР ХУН
Чой аз баргҳои анҷир метавонад индекси гликемикии ғизоро паст кунад ва ниёз ба инсулинро кам намояд, ки ин махсусан барои беморони гирифтори диабети навъи 2 муфид аст.
МУОЛИҶАИ БЕМОРИИ ПӮСТ
Баргҳои тарро ба ҷойҳое, ки аз лишай, захм ё чирк пурра осеб дидаанд, мегузоранд. Шираи сафеди анҷирро барои аз байн бурдани доғҳои рӯй истифода мебаранд. Инчунин, баргҳои тарро метавон ба ҷойҳои осебдидаи пӯст, захмҳо ва чиркҳо гузошт. Ҳангоми бемории витилиго баргҳои анҷирро метавон барои баргардонидани ранги табиии пӯст истифода кард.
ТАЪСИРИ ЗИДДИИЛТИҲОБӢ
Баргҳои анҷир барои муолиҷаи раванди илтиҳобӣ истифода мешавад ва дар ҳолати бемориҳои астмаи бронхӣ ва бронхит кумак мерасонад.
КӢ БОЯД АЗ ИСТЕЪМОЛИ АНҶИР ДАСТ КАШАД?
Анҷирро бояд бо эҳтиёт истеъмол кард, аз ҷумла он нафароне, ки доруҳои моеъкунандаи хунро қабул мекунанд. Витамини К, ки дар анҷир зиёд аст, метавонад таъсири ин доруҳоро кавӣ кунад. Ба одамоне, ки гирифтори диабети қанд ҳастанд, беҳтар аст анҷир нахӯранд, зеро миқдори шакар дар он баланд аст.
ОДАМОНИ ГИРИФТОРИ ПОДАГРА
Кислотаи шавели (шавелевая кислота), ки дар анҷир мавҷуд аст, метавонад ташаккули кислотаи пешобро зиёд намояд ва нишонаҳои подаграро шиддат бахшад.
ТАЪСИР БА ҲОМИЛАДОРӢ
Истеъмоли зиёди анҷир метавонад кӯтоҳ шудани мушакҳои бачадонро таҳрик диҳад. Бинобар ин занони ҳомила бояд эҳтиёт кунанд, махсусан дар муддати аввали ҳомиладорӣ.
"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



