Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
То, эй ғазал, ба гуфтанат оғоз кардаам
То, эй ғазал, ба гуфтанат оғоз кардаам,
Кӯлобро ба лутфи ту Шероз кардаам.
Чандест дар фазои хаёлоти дилнишин
Бо болҳои сабзи ту парвоз кардаам.
Айбам макун, ки аз ҳадди инсоф нагзарам,
Мардона гар ба лутфи сухан ноз кардаам.
Ҳаргиз ба гарди тундрави дил намерасам.
Бо пову сар агарчи даву тоз кардаам.
Раҳ ҷустаам агар ба дили бедиле, чи бок?
Хокистаре ба ойина пардоз кардаам.
Маъзурам, ар ба кӯи муроде намерасам,
Ин нест он раҳе, ки ман оғоз кардаам.
Эй мардуми ба маърифату завқ ошно,
Оғӯши дил барои шумо боз кардаам.
Сафармад Ахмадов
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?



