Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
АЗ РУШОН ТО ДӮСТӢ: ҲАЁТИ ЯК ФИДОИИ МАОРИФ
Муаллима Хоҷабегим Қурбонмамадова аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ноҳияи Дӯстӣ омада, зиёда аз 40 сол аст, ки дар тарбияи насли наврас саҳми арзанда мегузорад. Вай ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ садҳо шогирдро ба роҳи дониш роҳнамоӣ карда, бо меҳнати содиқона дар дилу дидаи мардум ҷой гирифтааст.
Тоҷикистон бо табиати биҳиштосо, кӯҳҳои сар ба афлок, обҳои поку зулол, манзараҳои зебою нотакрор шуҳрати олам гардидааст. Соҳибватани мо, муаллимаи синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 43-и Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯли ноҳияи Дӯстӣ Хоҷабегим Қурбонмамадова маҳз дар чунин табиати муъҷизаофари ноҳияи Рушони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар оилаи муаллим Гулосмамад Қурбонмамадов соли 1961 чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ аз модараш Назарбегим Давлатқадамова ва падари бузургвораш як умр сипосгузор мебошад, зеро роҳи дуруст, муаллима шуданро дар дилаш волидони азизаш ҷо намудаанд. Ӯ аз касби интихобкардааш ҳаргиз пушаймон нест.
Муаллима Хоҷабегим Қурбонмамадова соли 1979 мактаби миёнаи рақами 17-и ноҳияи Рушонро бомуваффақият хатм карда, ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи биологияи Донишгоҳи педагогии ба номи Тарас Григоревич Шевченкои шаҳри Душанбе (ҳоло Донишгоҳи омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ) супорида, донишҷӯ гардид. Аз устодони даврони мактабӣ Назармоҳ Раҷабова, Паҳлавон Яхшибеков, Сардори Раҳдор ва профессорони айёми донишҷӯияш ба некӣ ёд менамояд, зеро инҳо ва боз даҳҳо устодони дигар дар дили ӯ меҳру муҳаббатро ба илму дониш, хирад бедор карда, ба фатҳи қуллаҳои баландтари омӯзиши осори бегазанди шоирони адабиёти классики тоҷик ва муосир, навигариҳои илмҳои химия ва биология, техника ва технологияи навин ҳидояташ намуданд.
Муаллима дар замони соҳибистиқлолии давлати тозабунёд ва соҳибтамаддуни тоҷик аз дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, ғамхории падаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани мақому мартабаи омӯзгор ва зиёд гардидани маоши кормандони соҳаи маориф хеле сипосгузор аст.
– Бо амри тақдир аз Рушон ба деҳаи Ленинобод (ҳоло деҳаи Шаҳдрези Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯли ноҳияи Дӯстӣ) келин шуда омадам. Тақдирамро бо Умрон Холиқов пайвастам. Он солҳо дар деҳа ягон зан муаллима набуд. Бинобар ин ҳарчанд факултаи биологияро хатм карда бошам ҳам, вале бо хоҳиши маъмурияти шуъбаи маориф, мактабу падару модарон муаллимаи синфҳои ибтидоӣ шудам, зеро мактаб ба чунин омӯзгорон ниёзи бештаре дошт. Хишти аввалини фардои ватандорӣ аз синфҳои ибтидоӣ оғоз меёбад. Беш аз 40 сол мешавад, ки омӯзгори синфҳои ибтидоии дабистони рақами 43-и ноҳияи Дӯстӣ мебошам ва рисолати омӯзгориамро содиқона иҷро мекунам. Шодам, ки шогирдони зиёдеро ба камол расонидаам, – арзи матлаб намуд муаллима.
Дар ҳақиқат, мактаб даргоҳи муқаддаси омӯзиши илму дониш ва маркази таълиму тарбия буда, барои ташаккул ёфтани ақлу заковат, зеҳну шуур, бедории афкор, одоби шоиста ва ахлоқи ҳамидаи насли наврас заминаи асосӣ ба шумор меравад. Маҳз бо ибтикори Президенти мамлакат ҳар сол баргузор кардани озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва дар соли 2026 баргузор кардани озмуни «Шоҳномахонӣ» масъулияти мактаб, омӯзгор, шогирдон ва падару модарро дучанд мегардонад.
Имрӯз шогирдони муаллима дар тамоми гӯшаю канори мамлакат дар вазифаҳои масъул фаъолият дошта, дар ободии Ватан, пешрафту шукуфоии ҷомеа ҳиссагузоранд. Фарзандонаш Беҳрӯз, Ҷаҳонгир, Бедил ва Робия дар бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун, ҳифзи амнияти ҷомеа ва эъмори давлати тозаистиқлоли тоҷик саҳми арзанда доранд.
Муаллима дар бунёди ду синфхонаи иловагӣ дар мактаб ҳамроҳи омӯзгорону аҳли деҳа ҳиссагузорӣ намудааст. Падару модарон хоҳиши онро доранд, ки фарзандонашон аз чунин омӯзгорон сабақ гиранд. Имсол 30 – нафар дӯстрӯякони синфҳои якум аз ин устоди гиромиқадр сабақ мегиранд, ки ин ба боварию эътимоди халқ сазовор шудан мебошад.
Тавассути меҳнат соҳибэҳтиром гардидан боиси ифтихори чунин соҳибватанҳо мебошад, зеро ҳама фазилатҳои неки инсонӣ пайваста ҳамдаму ҳамнафаси эшон аст.
Дӯст доштани Ватан, тарбияи наслҳои ояндасози миллат аз гӯшаи имондорию ватандорист. Ин роҳ инсонро ба қуллаи мақсуд мерасонад.
Саидзода Шералӣ, н. Дӯстӣ
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
Тоҷикистон – Ватанам
ХОҲАРОНИ КИТОБХОН
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД



