Бойгонӣ

Иқдоми “Шифо ва ҳамдилӣ” дар Хатлон

Рӯзи 9 – уми майи соли ҷорӣ, бо иқдоми хайрхоҳонаи соҳибкори ватанӣ Шамсулло Соҳибов ба муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон ба андозаи 25 мошини борбар кумак расонида шуд.

 

Иқдоми мазкур таҳти унвони “Шифо ва ҳамдилӣ” амалӣ гардида, дар доираи он ба ҳамаи беморхонаҳои 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон лавозимоти тиббӣ, аз қабили дорувориҳои гуногун, маводҳои антисептикӣ, хилъатҳои яккарата ва чандкарата, ниқобҳои тиббӣ, дастпӯшакҳо, либосҳои тиббии муҳофизатӣ, рахти хоб, айнакҳои муҳофизатӣ ва маводҳои тамизкорӣ ба таври ройгон барои мубориза бо бемории коронавирус COVID - 2019 дастрас карда шуд. Кумакҳои мазкур дар маҷмӯъ 200 ҳазор бастаро дар бар мегиранд.
 

Ташаббуси хайрхоҳонаи соҳибкори ватанӣ заруру саривақтӣ буда, дар беҳдошти вазъи хизматрасонии тиббӣ ва ҳарчи зудтар мавриди ташхису табобат қарор гирифтани беморон мусоидат мекунад.
 

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба соҳибкори ватанӣ Шамсулло Соҳибов миннатдорӣ намуда, изҳори умед карданд, ки дигар соҳибкорони вилоят низ дар пайравӣ аз ин иқдом барои ниёзмандон ва табибон кӯмак мерасонанд.
                                                                            Сулаймон СУЛТОНОВ

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019