ТАҚДИМИ НИҚОБИ ТИББИИ РОЙГОН АЗ ҶОНИБИ СОҲИБКОР
Тавре зимни суҳбат яке аз масъулони ширкати болозикр Ким Ҷунг Бок иттилоъ дод, ниқобҳои истеҳсолшуда сифати баланд дошта, муддати дароз истифода бурда мешавад.
Номбурда ҳамчунин гуфт, дар корхона дар як шабонарӯз 10 ҳазор дона ниқоб истеҳсол мешавад. То имрӯз беш аз 60 ҳазор ниқоби тиббӣ истеҳсол карда шуда, дастраси кормандони беморхонаҳо ва ташкилоту идораҳо гардидааст.
Дар ширкати ҶСК “Ресандаи Қӯрғонтеппа” айни замон 150 нафар дар шароити хуби корӣ фаъолият доранд, ки аксарияти онҳоро занону духтарони маҳаллӣ ташкил мекунад.
Ба иттилои расида масъулини корхона ҳамагуна фармоишро барои истеҳсол ва дастрас кардани ниқоб ва либоси махсуси тиббӣ қабул карда метавонад.