«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» 90-СОЛА ШУД

     Ба муносибати 90-солагии таъсисёбии рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар маркази вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар аксияи тарғиботӣ таҳти унвони «Бо мо ҳамеша ҷавон мемонед!» гузаронида шуд.

Таваралӣ  Соҳибназаров, мухбири махсуси рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон иттилоъ дод, ки дар доираи ин чорабинӣ ба қишрҳои гуногуни ҷомеа: собиқадоронони меҳнат, кормандони ташкилоту муассисаҳо, омӯзгорону донишҷӯён ва ҷавонон нашри ҷашнии рӯзнома ва варақаҳои иттилоотӣ, ки бозгӯи дирӯзу имрӯзи «Ҷавонони Тоҷикистон» мебошад, тақсим карда шуд.

Тадбири мазкур дар рӯзи нахустини гусели ботантанаи ҷавонони вилояти Хатлон ба сафи Артиши миллӣ рост омад. Бо истифода аз ин фурсат аксия бо ҳузури садҳо нафар ҷавонони худогоҳу ватандӯст барпо шуд.

Дар ин чорабинии оммавӣ хонандагони фаъоли рӯзнома ҳам ба аксия шомил гардида, миёни дигар ҷавонону ҷамъомадагон мутолиаи «Ҷавонони Тоҷикистон»-ро тарғиб намуданд.

Зеро ин нашрия минбари розу ниёз, изҳори андеша ва табодули афкори кулли ҷавонони кишвар буда, дар тарбияи маънавии насли наврасу ҷавон, тарғиби ғояҳои меҳанпарастиву арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат нақши муассир мегузорад.

Рӯзнома муаррифгари чеҳраҳои муваффақ, дастовардҳои ҷавонон дар самтҳои мухталиф махсусан варзиш мебошад.

Хонандагони ҷавон ҳамарӯза тариқи сомонаи рӯзнома аз воқеаву рӯйдод, ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву варзишӣ бархӯрдор гардида, ҳамчунин матолиби хонданбобро метавонанд мутолиа намоянд.

«Ҷавонони Тоҷикистон» ҳар ҳафта дастраси доираи васеи хонандагони худ мегардад. Дар ин баробар ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ, мутахассисони соҳаҳои гуногун оид мавзӯъҳои мухталиф фикру мулоҳиза ва назару андешаи худро дар шакли мақолаву очерк ва дигар жанрҳои публисистӣ ба идораи рӯзнома ирсон менамоянд. Рӯзнома бо ҳаводорони худ алоқамандии зич дошта, матолиби таҳиянамудаи хонандагони худро дар саҳифаҳои худ ҷой медиҳад.

Ин ҳама бозгӯи он аст, ки имрӯз аҳли эҷоди минбари ҷавонони Тоҷикистон рислати худро иҷро намуда, дар рушди рӯзафзуни мамлакат ва пурра намудани фазои иттилоотӣ нақш ва мавқеъи худро дорад.

Дар давоми 90 соли фаъолияти босамараш дар ҷарида даҳҳо нафар мутахассисони соҳаи журналистика тарбия ёфтаанд. Имрӯз аксари онҳо дар воситаҳои ахбори оммаи маҳалливу ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ кор карда истодааст.


МУҲАББАТ
Добавить комментарий