Бойгонӣ
Апрель 2025 (19)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
Декабрь 2024 (12)
Ноябрь 2024 (24)
Октябрь 2024 (27)
08 апр 07:28АСОСӢ

ХАТЛОН ЛОЛАЗОР ШУД!

    Даври вилоятии фестивал-озмуни ҷумҳуриявии гулҳо “Сайри гули лола” дар шаҳри Бохтар бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Ин тадбири зебои фарҳангӣ, дар мавзеъи хушбоду ҳавои майдони 70-солагии Водии Вахш, ки он ба гулзор табдил дода шудааст, бо иштироки санъаткорону ҳунармандон, шоирону нависандагон ва намояндагони 25 шаҳру навоҳии вилоят баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории ин озмуни зебоӣ пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни сокинони мамлакат, ободу зебо намудани ҳар як хона, кӯча, маҳалла, деҳа, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ буда, ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Дар фестивал-озмун аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят сарояндагону навозандагон, ҳунармандону мусаввирон, шоирону нависандагон ва бонувону ҷавонони худогоҳ бо омодагии хоса иштирок намуда, дар ин мавзеъи зебо, ки онро лолаҳои рангоранг тароват мебахшиданд, сайру гашт ва хушҳолию хурсандӣ карданд. 

Бино ба иттилои Тоҷиддин Давлатзода, роҳбари Корхонаи ФД   “Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ”-и шаҳри Бохтар дар майдони 70-солагии Водии Вахш беш аз 162 ҳазор гули лола шинонида шуда, 15 ранг гулҳои тароватбахш аз оилаи гулҳои ҳоландӣ ба монанди силер, долер, палада, калгари, фабио, палушел, пичполсон ва ғайраҳо шомил буда, зиннатбахши ин макони дилписанд шудаанд.

Ба хотири шукуфоии бештари манзараҳои боғи навбунёд дар ҳамин макон 10 намуд гулҳои маҳаллӣ бо фарогирии 15ҳазор дона, аз ҷумла петуния, сарви, вербения, виёла, тагес, юкка, 14 адад палма, марҷонгул, бахмалин, вербина ва ғайраҳо ҳусни  мавзеи мазкурро афзун намудааст.

Ҳамчунин 200  адад ниҳолони дарахтони сояафкану ороишӣ, ки аз аврупо оварда шудаанд, бо номҳо мазавенник, туя компактний, туя залатистий, албитсия, красний клиён дар  ин макон  парвариш меёбанд.

Тибқи иттилои шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят қариб 795 бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ,10 миллион бех гулу буттаҳо, аз он ҷумла 2 миллиону   664 ҳазор дона лола,  1 миллон 230 ҳазор садбарг, ва 5 миллиону 813 ҳазор дигар намуди гулҳо шинонида шудааст. 

      Чунин тадбирҳои ободонӣ дар маҳаллаю кӯчаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилоят роҳандозӣ шуда, дар амалӣ гардидани ташаббусҳои бунёдкорию хуррамгардонӣ сокинон низ саҳм гузошта  истодаанд. Тибқи маълумот бо оғоз гардидани раванди ин корҳо дар ҳар гӯшаи шаҳр дар баробари барқарору таҷдид намудан ҳамчунин гулгашту хиёбонҳои нав ташкил карда шудаанд, ки аз онҳо сокинони ва меҳмонон баҳравар гардида истодаанд.  

Ҳунарнамоии фолклорсароёни 25 шаҳру ноҳияи вилоят ҷолиби диданӣ буд. Дастаҳои ҳунарӣ, фолклорӣ-этнографӣ ва иштирокчиёни фестивал, дар рафти иҷрои сурудҳо дар як вақт нақшҳои наврӯзӣ, баҳор, расму оин ва ғайраро бо сару либосҳои хосаи миллии ҳар давру замон иҷро карданд. 

Лола як  рамзи зебоӣ ва ҳусну назокат аст, ки дар атрофи он даҳҳо падидаҳои фарҳангии дигар арзи вуҷуд мекунанд. Дар маросими «Сайри гули лола» аз таҷассуми даҳҳо ҳунари мардумӣ, пешниҳоди рангоранги либоси миллӣ, намоиши ороишоти рангину ҳунармандонаи дастони бонувон, пешниҳоди мардум мегардад, ки ҳар бинандаро мафтун намудаву ба ваҷд меоранд ва ин раванд дар тарбияи завқу рағбати насли наврас таъсиргузор хоҳад буд.

Дар ҳақиқат дидани манзараҳои зебо ба кас рӯҳу илҳоми тоза бахшида, таъби бинандаро болида мегардонанд. Ташкили чунин озмуну фестивалҳо ва чорабиниҳои гуногуни маърифатию омӯзишӣ ва фарҳангӣ имкон медиҳанд, ки бештари сокинон ба корҳои ободонию кабудизоркунӣ ҷалб гардида, дар баланд бардоштани завқи эстетикӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ ва сатҳи маърифати экологии сокинон, тозагии маҳали зист ва бунёд намудани гулгашту хиёбонҳои гулбасару гулпӯш мусоидат менамоянд. Гулпарварон ва ашхосе, ки ба ин амали зебо машғуланд, дар чунин вохӯрию чорабиниҳо метавонанд аз таҷрибаи ҳамдигар бархурдор гардида, навъҳои гуногуни гули лоларо дар маҳали зисти худ парвариш намоянд. 

Дар охир ба ғолибони озмун ва иштирокчиёни фаъол сипосномаҳои Кумитаи тадорукот такдим карда шуд.

Бо ин ҳама таровату нафосатӣ баҳорӣ, ки ба қалбҳо таскин мебахшид, даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии гулҳо-«Сайри гули лола» дар вилояти Хатлон ҷамъбаст карда шуд. 


Амонулло БАХТИЁРЗОДА

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019