Бойгонӣ
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
Декабрь 2024 (12)
08 апр 09:08АСОСӢ / Ахбор / Маориф

КИТОБХОНОНИ НАВРАС БА ҲАМ ОМАДАНД

  Дар китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон”  оғоз гардид, ки он то санаи 9-уми апрел давом мекунад. Ба ин муносибат дар саҳни китобхонаи вилоят чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ бо иштироки шоирону нависандагон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ доир гардид.

Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон”, ки ҳамасола аз 2-юм то 9-уми апрел дар сартосари кишвар таҷлил мегардад, дар китобхонаи оммавии вилояти Хахлон ба номи Шамсиддин Шоҳин дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор гардид. Имсол бошад оғози чорабинии мазкур таҳти унвони “Тараннумгари сухан” аз ҳарвақта дида бошукӯҳтар барпо карда шуд. Зеро соли дуюм аст, ки дар мамлакат Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон мегардад, ки дар он кӯдакону наврасон ҳам дар баробари ҷавонону калонсолон фаъолона иштирок мекунанд. 

Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” бо мақсади тарғиби мутолиаи адабиёти бачагона ва муаррифии китобҳои тозанашр ба хонандагони муассисаҳои таълимӣ, робитаи адибону эҷодкорон бо насли наврас ва ҷалби ҳарчи бештари онҳо ба китобу китобхона ҳамасола таҷлил карда мешавад. 

Дар ин чорабинӣ аъзои фаъоли китобхона бо шеъру суруд ва саҳначаи тарбиявӣ баромад намуда, ба ҳамсолони худ ғизои маънавӣ бахшиданд. Шеърхонии кӯдакон бозгӯи он буд, ки онҳо завқ рағбати китобхонӣ доранд ва барои сайқал додани он китобдорон пайваста талош меварзанд. 

Дар чорабинии мазкур, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон иштирок намуда, зикр доштанд, ки Фестивали номбурда имкон медиҳад, ки кӯдакону наврасон бештар майл ба китобхонӣ кунанд ва аз наздик бо шоирону нависандагон шинос шуда, бо онҳо дар иртибот бошанд. Адибони вилоят таъкид намуданд, ки дар кӯдакию наврасӣ китоб хондан мисли нақшро дар санг мондан аст.  Зеро дар ин айём зеҳни онҳо бурро буда, ҳар мисрае, ки аз худ мекунанд, то абад дар хотираашон боқӣ мемонад. Дар ин тадбири фарҳангӣ аҳли қалами вилоят шеъри тозаэҷоди худро қироат намуданд, ки он тарғибкунандаи донишомӯзию китобхонии кӯдакону наврасон буд.

Намояндаи Раёсати фарҳанги вилоят низ дар баромади худ аз ин тадбир истиқбол намуда, иброз дошт, ки кормандони китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин бо донишу малака ва касбияти баланди худ намунаи ибрати дигар китобдорони шаҳру навоҳии вилоят мебошанд. Ва ба ин шакл оғоз бахшидани онҳо ба Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” худ гувоҳи масъулиятшинос будани онҳо аст. 


М.Амонҷон

Суратгир: М. Абдурозиқ
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ” ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ НАВИ БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР Хатлон. Беш аз 190 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД Ҷ. БАЛХӢ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ВА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад ТАҶДИДИ МАКТАБ, БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҚВИЯТИ СОХТОРҲОИ ОТАШНИШОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН Ёвон. Ҷалби беш аз 10 ҳазор кӯдак ба истироҳатгоҳҳо ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД