Бойгонӣ

Сулҳ меорам ба ҳар як хонадон

 
Мусоҳибаи вижа бо шоири ваҳдатсаро Амиршои Хатлонӣ
- Ваҳдат, иттиҳод натанҳо аз вожаҳои дар адабиёти муосир серистеъмол мебошанд, балки чун ғояи пешбарандаи ҷомеа дар амалӣ намудани ҳадафҳои бузурги миллату давлатдорӣ нақши муассир доранд. Афкори ваҳдату ваҳдатсароӣ аз Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ сарчашма мегирад, ки Сарвари тозаинтихоби Тоҷикистон  дар гирдоби ҷангу хунрезиҳо дар нахустин суханронии хеш ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ ба мардуми азияткашидаву андар мулкҳои бегона хору залили тоҷик ин паёмро ироа намуда буд: «Ман ба хонадони шумо сулҳ меорам». Баъдан, бо саъю талошҳои фидокоронаи Роҳбари давлат санаи 27-уми июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳу ва ризояти миллӣ  ба имзо расиду ваҳдати миллӣ – ин андешаи бузург халқҳои гуногунқавму миллати Тоҷикистонро ба ҳам овард. 
- Яъне, мафҳуми ваҳдат зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар аст?
-Оре, дар замони гузашта, хоса даврони собиқ Шуравӣ мафҳуми ваҳдат, танҳо дар байни як гурӯҳ рӯшанфикрон, баъзе адибону уламои илми дини ислом маъруф буду халос, аммо дар гӯишҳои мардумӣ баёни ин вожа мушоҳида намешуд. Фикр мекунам ба мазмуну маънии он на ҳама сарфаҳм мерафтанд. Ваҳдат моли адабиёти классикии тоҷик ба шумор рафта, аммо дар назми даврони  Шуравӣ қариб ки истифода нашудааст. Дар он солу замонҳо тавассути андешаҳои сулҳпарваронаи устод Мирзо Турсунзода ба мафҳуми сулҳу осоиштагӣ ошноӣ доштем, ки ба ҳайси узви Кумитаи байналмилалии сулҳ атрофи  иттиҳоду ҳамбастагии башарият суҳбат мекард. Дарвоқеъ, тавассути шеъру достонҳои дилангези устод халқи тоҷик аз вазъи ноороми кишварҳои Қораи Осиё ва дигар манотиқи ҷаҳон огаҳӣ меёфт. Аз сўи дигар шоир ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бо анҷоми рисолати сулҳхоҳонааш тоҷиконро чун миллати сулҳпарвар ба оламиён муаррифӣ намуд.  
Дар он солҳо ба фаҳми касе  рост намеомад, ки рӯзе ин гирифториҳои сангин дар сарзамини тоҷикон низ рух медиҳад. Хушбахтона, дар ҳамон лаҳзаҳои ҳассосу хатари парешонии миллату парокандагии давлат абармарде дар арсаи сиёсат зуҳур карда, мардуми Тоҷикистонро зери ливои ваҳдати миллӣ сарҷамъ намуд. Ҳамин тавр, андешаи ваҳдати миллӣ чун ғояи пешбарандаи ҷомеа дар амалӣ намудани орзуву ормонҳои ҳазорсолаи миллӣ нақши бағоят муҳим дорад.
- Аз шахси шумо чун шоири ваҳдатсаро ном мебаранд. Хуб мешуд аз аввалин шеъри офаридаатон дар ин мавзуъ қисса мекардед.  
- Нахустин шеърҳои эҷодкардаи ман дар мавзуи ваҳдат ба декабри соли 1992 рост меояд, ки манзумаи «Ҷаласаи қисмат»-ро навишта будам. Он низ аз ҳамон ҷаласаи тақдирсози миллат маншаъ мегирад:

Вакили тозарӯе як ҷавонмард,                                                                           
Нигоҳи аҳли ёронро ба худ кард.
Зи мағзи дил зи ҷони худ сухан гуфт,                                                            
Забонаш ҳар нафас дарди Ватан гуфт.
Барои халқу меҳан раҳнамо шуд,                                                              
Мукофоти  Худо аз баҳри мо шуд.
Вакилон даъваташ бар тахт карданд,                                                           
 Ватанро рӯ ба рӯ бо бахт карданд.

-То куҷо адабиёти замони муосир дар тарануми мавзуи сулҳу ваҳдати миллӣ, тарғиби ғояи ваҳдатгароӣ ва тарбияи маънавию ҳисси арҷгузории мардум ба арзишу муқаддасоте мисли ваҳдати миллию ҳисси ифтихор аз ҳувияти миллӣ таъсиргузор аст?
-Мусаллам аст, ки то даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мафҳуми мисли ваҳдат қариб ба фаромӯшӣ рафта, дар тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ, аз ҷумла, халқи тоҷик фосилаи зиёд  афтода буд. Инъикоси ин мавзуъ то соли 1997, яъне ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳу ва ризоияти миллӣ  дар эҷодиёти ангуштшумори адибон мушоҳида мешуд. Баъдан, дар 27 соли суботи сартосарии кишвар шояд шоире набошад, ки дар мавзуи сулҳу ваҳдати миллӣ шеъре нагуфта бошад. Аммо, дар умум адабиёти замони соҳибистиқлолии кишвар тавони инъикоси пурраи мавзуи ваҳдати миллиро надошт, чаро ки он натанҳо  мавзуи асосии адабиёту маънавиёт, балки ҳамчун ғояи пешбарандаи ҷомеа баҳри расидан ба ормонҳои ҳазорсолаи миллату давлатдорӣ ба инъикос  густурдаву бозтоби пайваста зарурат дорад.  Аз сӯи дигар, муқаддасоте дар мисоли ваҳдати миллӣ бо мурури солҳо моҳияту арзиши бештар пайдо намуда, тараннуми он дар эҷодиёти адибони имрӯзу фардои миллат беҳтару бештар хоҳад гардид. 
- Чӣ бояд кард то ваҳдати мо пойдору ҷомеаи кишвар дар иттиҳоду ҳамбастагӣ ва пайравона аз сиёсати пешгирифтаи давлат дар ҳифзи суботу амният, рушду нумӯи Ватан ва амалигардонии ҳадафу ормонҳои миллату давлатдорӣ саҳим бошанд?
-  Омӯзиши сабақи гузаштаи таърихӣ, таълиму тарбияи насли ояндаи ҷомеа дар руҳияи меҳанпарастию ҳисси ифтихор аз ҳувияти миллӣ ва дигар арзишҳои муҳим аз омилҳои муҳими таҳкими пояҳои давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Аз сӯи дигар, сулҳу ваҳдатпарастӣ, арҷгузорӣ ба ҳифзу тарафдори суботу оромии аҳли башар аз хулқу атвори шоистаи мо, тоҷикон аст, ки онро аз ниёкони тамаддунофарамон мерос гирифтаем. Маҳз ин зарфияти зеҳнию ахлоқии миллат буд, ки аз аҳди қадим халқи тоҷик мардуми забтгару ғосиб набуду ва ҳеҷ гоҳе ба сарзамини бегона ҳуҷум накардааст. Зеро мафҳуми «Сулҳ дар хонадони  шумо» шиори азалии мо тоҷикон буда, онро ҳатто ба ҳангоми дуруду салом фиристодан ба дигарон изҳор медорем, ки ин аз асолати сулҳу ваҳдатофарии халқи тоҷик дарак медиҳад. Имрўз, ки сулҳу ваҳдати миллӣ ба ғояи умумимиллӣ бадал гардида, таҳрикдиҳандаи ҷомеа ва давлат дар раванди созандагиҳост, аз ҳар давру замон дида ба қадри ваҳдати миллии худ расида, омодаем, ки барои ҳифзу пойдори он ҷони худро фидо намоем.
Дар замони муборизаҳои идеологӣ, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ ба кишварҳои ҳатто абарқудрат таъсири худро мерасонанд, ҳар фарди кишвари моро мебояд, ки масъулияти пешгирӣ аз шомилшавии ҷавононро ба фарҳангу идеологияи бегонапарастӣ вазифаи муқаддаси хеш бидонад. Зеро бидуни арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию пойдории ваҳдати миллӣ ҳифзи суботу истиқлолияти давлатӣ ва мондани қадамҳои  устувор баҳри рушду нумӯи Ватан имконнопазир аст. 

“САФО”


Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019