Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
03 июн 17:21АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Иҷтимоъ / Маърифат ва тандурустӣ / Маслиҳати муфид
ЧУКРӢ
Чукрӣ на танҳо рустании шифобахш аст, балки онро дар пухту паз, барои саломатӣ ва косметологӣ васеъ истифода мебаранд. Дар таркиби ин навъи рустанӣ Витамини С, калий, кислотаи фолиевӣ мавҷуд буда, барои сиҳатии инсон мусоидат мекунад.
* Чукрӣ хусусияти зидди микробӣ, зидди шамолхурӣ дошта, дар мустаҳкамии организми инсон нақши муҳим мебозад.
* Мизоҷи банду барг ва пояаш дар дараҷаи дувум сард ва хушкаст. Аз истеъмоли бардавоми он баромадани пучак ва чиртакҳоро монеъ мешавад, яъне моддаи қандро дар таркиби хун кам мекунад.
* Чукрӣ дар пурҷило будани мӯи сар ва рафъи сабусаки сар, зебогии рӯй ва мустаҳкамии нохун манфиатбахш аст.
* Витаминҳои зиёде, ки дар таркиби чукрӣ мавҷуд мебошанд, ба занони ҳомила зарур аст. Зеро ин витаминҳо дар инкишофи тифли батни модар кумак мекунад.
* Ин растанӣ дар пешгирии бемории дилу рагҳои хунгард муфид буда, онро тоза намуда, мустаҳкам мегардонад.
* Барои кӯдакон низ истеъмоли ин рустанӣ басо манфиатбахш буда, дар мустаҳкамии масунияти бадан, пурқувватии устухонҳо ва нури чашм фоидарасон буда, иштиҳоро мекушояд.
* Чукриро боз барои захми сухта, гайморит ва бемории шамолхурӣ васеъ истифода мебаранд, зеро манфиаташ бештар аст.
* Ба он нафароне, ки аз бемории бавосир, подагра ва санги гурда азият мекашанд, истеъмоли ин рустанӣ тавсия дода намешавад.
* Инчунин чукриро он нафароне, ки аз фишорбаландӣ, панкреатит ва захми меъда шикоят доранд, бояд кам истеъмол кунанд.
*Оби чукриро дар офтоб хушк карда, чунсурма ба чашм кашанд, чашмро қувват мебхшад, гули чашмро нест мекунад.
* Ҳамарӯза истеъмоли 4,5 грамм решаи хушки чукрӣ дардҳои меъда ва пурбодшавии онро дафъ мекунад, инчунин оруғро таскин медиҳад. Агар кӯфтаи онро дар бинӣ бирезанд, бемориҳои мағзи сар ва назларо фоида мебхшад.
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



