Бойгонӣ
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
Декабрь 2024 (12)

ТОРТИ «САБАДИ МЕВАДОР»

Шакар - 2 истакон

Маргарин - 200 грамм

Тухм - 4 дона 

Моддаи ковоккунанда - 1 қошуқча

Орд  

Мева барои ороиш 

Кулчақанд (трубочки)

Лента барои ороиш


Барои крем қабат 

Шакар  - 2 истакон

Тухм - 4 дона

Маска - 250 грамм


Креми болои торт 

Ширқиём - 1 қуттӣ

Маска - 250 грамм

Дар навбати аввал ба зарфе шакар, тухм ва маргаринро андохта болои буғ мегузорем ва то об шудани шакар лат мезанем. Сипас, моддаи ковоккунандаро илова карда, то ҷӯш омаданаш болои оташ медорем. Аз болои оташ гирифта 2,5 истакон ордро ҳамроҳ мекунем ва муддати 1 соат нигоҳ медорем. Хамир агар мулоимтар бошад метавонед каме орд ҳамроҳ кунед. Тобаи тафдонро равған молида зуволачаҳоро болои он тунук мекунем ва дар тафдони гарм пухта мегирем.

Дар ҷараёни пухтан инчунин метавонед креми онро низ омода кунед. Дар  зарфе шир, шакар ва тухмро болои оташ гузошта, то ҷӯш омадан мекобем. Аз болои оташ гирифта, маскаро ба он ҳамроҳ мекунем. Коржҳои пухташударо крем молида муддати 1 соат дар ҳарорати хона мегузорем ва пас аз хунук шудан боз муддати 1 соат дар яхдон нигоҳ медорем.

Барои креми болои торт ширқиёмро бо маска якҷоя карда, боло ва атрофи онро мемолем ва кулчақандҳоро (трубочки) ба атрофии он мечинем ва лентаро мебандем. Бо меваҳои дилхоҳ болои онро метавонед оро диҳед.
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ” ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ НАВИ БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР Хатлон. Беш аз 190 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД Ҷ. БАЛХӢ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ВА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ТАҶДИДИ МАКТАБ, БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҚВИЯТИ СОХТОРҲОИ ОТАШНИШОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад Ёвон. Ҷалби беш аз 10 ҳазор кӯдак ба истироҳатгоҳҳо ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ