НИШАСТИ МАТБУОТӢ
Зикр гардид, ки дар ин давра аз ҳисоби даромадҳои худи буҷети маҳаллӣ ноҳияҳои Қубодиён, 11 фоиз, Абдураҳмони Ҷомӣ 20 фоиз, Ҷайҳун 6 фоиз ва ноҳияи Панҷ 7 фоиз уҳдадориҳои андозии худро аз рӯи ҳаҷми даромадҳо дар назди буҷети маҳаллӣ таъмин карда натавонистанд. Дар вилоят нақшаи як намуди андоз, андоз аз арзиши иловашуда 17 фоиз ба маблағи 52,2 миллион сомонӣ таъмин нагардид. Сабаби сифатнок таъмин нагардидани нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар шаҳру навоҳии вилоятро ба пуррагӣ ба андозбандӣ ҷалб нагардидани манбаи андозҳо ва омили дигар аз ҷониби як қатор корхонаҳо пурра пардохт нашудани андози ҳисобшуда арзёбӣ гардид.
Гуфта шуд, ки дар маҷмӯъ 1478,0 миллион сомонӣ ё 88 фоизи маблағҳои буҷетӣ дар вилоят ба соҳаи иҷтимоиёт, аз ҷумла маориф 980,6 миллион сомонӣ, тандурустӣ 420,0 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ 12,7 миллион сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 65,0 миллион сомонӣ равона карда шудааст.
Аз ҷониби шуъбаи аудити дохилӣ ва назоратии Сарраёсати молияи вилоят ва мутахассисони раёсатҳои молияи шаҳру навоҳии вилоят тибқи нақшаи корӣ дар соли сипаригардида дар 633 ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ вобаста ба мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ таҳлилҳои интихобӣ гузаронида шудааст. Дар натиҷаи санҷишҳои мазкур ба маблағи 7,5 миллион сомонӣ камбудиҳо ошкор гардид, ки аз зарари ошкоргардида 7,2 миллион сомонӣ барқарор карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки аз ҷониби роҳбарияти Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар пайравӣ аз сиёсати иҷтимоии Роҳбари давлат пайваста дар арафаи иду ҷашнҳо ба Хонаи пиронсолони шаҳри Бохтар, марказҳои равонпизишкии шаҳри Кӯлоб ва Бохтар, мактаб-интернатҳо сарулибос, маводи ғизоӣ ва дигар кумакҳо расонида мешавад.
Ҳамчунин дар доираи корҳои ободонию бунёдкорӣ дар байни ташкилоту муассисаҳо пешсафанд. Соли 2019 Сарраёсати молияи вилоят дар ҷамъбасти озмуни вилоятии «Сайри гули лола» дар байни раёсатҳо беҳтарин дониста шуда, бо ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуд. Соли ҷорӣ низ тадбирҳои сабзкорӣ ва ободу хуррамгардонӣ идома ёфта, масъулини молияи вилоят дар атрофи бинояшон беш аз 3 ҳазор дона гули лола шинониданд.
Хабанигорон ба масъалаҳои пардохти музди меҳнат, қарздорӣ, санҷишҳои молиявӣ, ва дигар паҳлуҳои масъалаҳои марбут ба молияи шаҳру навоҳӣ дахл намуда, ба суолҳои худ посухҳои қаноатбахш гирифтанд.