НИҲОЛПАРВАР

  Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят тадбирҳои хуррамгардонӣ оғоз гардида, дар маҳаллаю кӯча, гулгашту хиёбон ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот маъракаи ободонию кабудизоркунӣ вусъати тоза касб намудааст. Дар бозорҳо нуқта ва ё растаҳои мавсимии ниҳолфурӯшӣ низ ташкил гардида, кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонӣ навъҳои мухталифи ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаю ҳамешасабз ва гулу гулбуттаҳои ороиширо пешниҳоди сокинон гардонида истодаанд, ки яке аз онҳо ниҳолпарвари пуртаҷриба ва кишоварзи асил  Хуҷамурод Шомуродов мебошад.

     Ӯ роҳбари хоҷагии ниҳолпарварии “Абдукарим”дар шаҳри Левакант буда, ҳамасола теъдоди зиёди ниҳолони пайвандиро омода месозад. Ба гуфтаи ин мутахассисони соҳа дар бунёди боғу токзор ва парвариши дарахтони мевадиҳанда интихоби дурусти навниҳол аҳамияти аввалиндараҷа дошта, боиси устувору ҳосилхез гардидани он мегардад. Пайванд навда (қаламча) ё муғҷаи як растаниро ба дигараш пайвастанро мегӯянд. 

     - То ҷое мо омӯхтаему таҷриба кардаем пайванд барои нигоҳ доштани хусусиятҳои навъии растаниҳои бисёрсола, иваз кардани пайвандак, ки ба шароити обу ҳавои маҳал мувофиқ нест ё иваз кардани он ба пайванддӯсти хушҳосил, ба сармокасалӣ ва ҳашарот тобвар аҳамияти калон дорад. Барои қувват додани сабзиш ё суст кардани он, тезонидани гулу меваи ниҳол ва ғайра низ ба кор бурда мешавад,- иброз медорад ниҳолпарвар Х. Шомуродов

     Амаки Хуҷамурод ҳама корро дар вақташ анҷом медиҳад. Ӯ шуруъ аз моҳи ноябр алакай донаҳои дарахтони хушсифатро дар қитъаи алоҳидаи омодакардааш шинонида, тасмим дорад, ки дуюми моҳи феврал онҳоро бо дигар дарахтони мевадиҳандаи пурбор пайванд намояд. 

   Ба маълумоти кишоварзон аслан дар дунё намудҳои зиёди пайвандкунӣ мавҷуданд, аммо дар Вахшонзамин ду намуди пайвандкунии дарахтони мевадиҳанда маъмул аст. Якеро муғҷапайванд мегӯянд, усули дигареро кундапайванд. Бобои Хуҷамурод бо истифода аз ҳарду усул дар хоҷагиаш ниҳолҳои зиёдро пайванд кардааст. Ҳарчанд аз ҳарду усули пайвандкунӣ аз азал боғдорону сокинони вилоят васеъ истифода кунанд ҳам, аммо Хуҷамурод Шомуродов такя ба таҷрибаи бисёрсолаи худ намуда, ба ниҳолони муғҷапайванд бартарӣ медиҳад. Ба гуфтаи ӯ баъзе аз ниҳолҳои кундапайванд чандон устувор нестанд. Яъне онҳо ба боду тӯфон ва дигар омилҳои табиӣ дар бисёр ҳолат тоб оварда наметавонанд. Вале ба аќидаи ин деҳқони кордон агар ниҳолро дар моҳҳои август муғҷапайванд намоем, он устувору қавӣ сабзида, мувофиқи мақсад нашъу намо менамояд.

     - Барои амали кундапайвандро анҷом додан дарахти аз 2-сола боло мувофиқ аст, - мегӯяд ин марди хирад. - Бояд дарахтро 3-4 см аз хок бибурӣ. Кунда ба хок баробар ҳам бошад, зарар надорад. Пайванд бояд аз хок боло бошад, дар хок реша нагирад. Агар кунда калон бошад, байнашро бо табар чок мекунанд. Аз мобайн,  аз як-ду ё чор тарафи он то чор намуд навдаи ниҳол пайванд кардан мумкин аст. Масалан, дар кундаи дарахти себу биҳию нок, дар себу биҳӣ ноку себ пайванд кардан дуруст аст. Барои пайванд навдаи 1-сола мувофиқ аст. Дар кундаи боқувват дарахти калонро ҳам пайванд карда мешавад. Агар навдаи ҳосилдеҳро диҳед ҳамон сол ҳосил медиҳад. Ба дарахти олуболу пайванди гелосу олуча, ба тут шаҳтут, тути сафеди балхӣ ва дигар намудашро пайванд кардан имкон дорад. Ба дарахти шафтолу пайванди намудҳои дигари он ва бодом мувофиқ аст. Метавон дар як шохааш навдаи шафтолуҳои навъи дигар ва бодом пайванд намуд. Дар шохи баланди дарахтон пӯстпайванду найчапайванд имкон дорад. Бояд навдаи пайвандӣ бо кундаи сабз чун ширеш часпад ва ба дохили он бод надарояд. Агар, ки часпид аз реша ғизо гирифта, ба тани пайванд ҷон даромада, қад мекашад. Пӯстпайванд, найчапайванд ва ғунчапайвандро баъди ғунучини ҳосил аз моҳи феврал то моҳи март анҷом медиҳанд. Сабз шудани пайванд аз 20 рӯз то 2 моҳ идома меёбад.

   Дар хоҷагии “Абдукарим” навъҳои мухталифи ниҳолони дарахтони мевадиҳанда ва ороишию ҳамешасабз парвариш меёбанд. Тибқи иттилоъ майдони умумии хоҷагии мазкур беш аз 2 гектар буда, дар он ҳамагӣ 58 ҳазор бех ниҳолони мевадиҳанда, аз ҷумла 10 ҳазор бех гелос, 15 ҳазор бех олу, 8 ҳазор бех нок, 5 ҳазор бех чормағз, 12 ҳазор бех шафтолу ва 30 ҳазор бех арчаи ҳамешасабз парвариш карда мешавад. Ҳамчунин дар назди хоҷагии ниҳолпарварии “Абдукарим” як адад гармхонаи лимӯпарварӣ ва як адад гармхонаи гулпарварӣ амал мекунад, ки дар он 30 ҳазор бех гули садбарг, 20 ҳазор бех гули карамшакл ва як ҳазор бех палма парвариш мегардад. Палмаҳои зиёди гармхонаи ин деҳқони зебопараст ба таъбу дили ҳар нафар фораму тароватбахш мебошад. Хуҷамурод Шомуродов ба қаламчакунии буттаҳои ороишӣ низ машғул буда, маҳсули дасти ӯ дар корҳои ободонию кабудизоркунии шаҳру деҳот васеъ истифода бурда мешавад. 

     Бобои Хуҷамурод бар он бовар аст, ки ҳурмату иззати ҳар шахс аз ҳунари ӯст. Маҳз ҳамин кору пешааш аст, ки ба ӯ дигарон муроҷиат мекунанду маслиҳат мепурсанд. Ӯ ифтихор аз он мекунад, ки ниҳолпарвар асту маҳсули дастранҷаш ба мардум манфиат мебахшад. 

     - Ҳар нафар натиҷаи заҳматашро дида, хоҳ нохоҳ шод мегардад. Завқ мебарад, ки ниҳоли парвардаи ӯ дарахти пурбор шуда, меваҳои он коми одамонро ширин мегардонад. Ҳамчунин боғи шукуфону гулзори пурнакҳате мешавад, ки ба кас рӯҳу халовати тоза мебахшад, мегӯяд ӯ. Хуҷамурод Шомуродов ҳам аз зумраи ҳамин гуна афроде ҳаст, ки бо сарзабзии боғу гулдашт ва ҳар гӯшаи диёраш меболад.


МУҲАББАТ
Добавить комментарий