Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
29 сен 15:18АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот
КИТОБХОНАИ ОММАВИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ПАС АЗ БОЗСОЗӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА ИСТИФОДА ШУД
Имрӯз, 29-уми сентябр, бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раисони шаҳру навоҳии вилоят Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин пас аз бозсозӣ ба истифода дода шуд.
Китобхона, дар доираи Нақша-чорабиниҳои соли 2025 “Соли фарҳанги китобхонӣ дар вилояти Хатлон”, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва маблағгузории ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Ҷуръат” ба маблағи 2,5 миллион сомонӣ пурра таъмиру азнавсозӣ карда шуд.
Дар натиҷаи ин бозсозии комил, китобхона ба як маркази муосири иттилоотӣ табдил ёфта, дар шуъбаи нави автоматикунонии хизматрасонӣ 20 адад компютер бо дастрасии шабакаи интернет насб гардида аст. Инчунин 200 ҳазор китобҳои электронӣ барои хонандагон омода шуда, китобдорон метавонанд китобҳои заруриро тариқи системаи рақамӣ дарёфт ва истифода намоянд.

Ҳадаф аз ин корҳои ободонию созандагӣ эҳёи суннатҳои китобдӯстии халқи тоҷик ва ҷалби насли наврас ба мутолиа, ташаккули маҳорат ва малакаҳои беҳтарини хониш, баланд бардоштани фарҳанги иттилоотии ҷавонон, арҷгузорӣ ба мероси ниёгон ва тарбияи ватандӯстии насли нав, ҷалби аҳолӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва ташкили маҳфилҳо, намоишгоҳҳои китоб ва барномаҳои муосири фарҳангиву маърифатӣ мебошад.
Масъулони соҳа изҳор доштанд, ки ин гуна лоиҳа бори аввал дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст ва таҷрибаи он дар оянда барои китобхонаҳои дигар минтақаҳо низ татбиқ мегардад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид таъкид намуд, ки дастгирии соҳаи фарҳанг ва китобхонаҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат мебошад ва аз хонандагон даъват намуд, ки аз имкониятҳои фароҳамгардида барои баланд бардоштани сатҳи маърифат ва фарҳанги ҷомеа самаранок истифода баранд.

Маросими ифтитоҳи китобхона баъди бозсозӣ бо шиносоии меҳмонон аз толорҳо, имкониятҳои нави рақамӣ ва намоиши китобҳои нодир анҷом ёфт.
Маҳмадализода Маҳмадалӣ, «САФО»
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД



