Бойгонӣ

РАСМУ ОИНИ СОЛИНАВИИ ХАЛҚҲОИ ОЛАМ

Таомулҳои аҷиб
   
     Бо фарорасии Соли нави мелодӣ, ки он дар кишвари мо низ аз рӯи расму русуми дӯстию рафоқат ба мардуми гуногуннажоду гуногунмазҳаб ҷашн гирифта мешавад, ҳамдигарро табрик намуда, барояшон беҳтарин хушиҳои рӯзгорро таманно менамоем. Ба таври анъанавӣ шаби 31 декабр дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе аз тӯпҳо чанд маротиба гулӯла афканда, сипас дар майдонҳо ва хиёбонҳо сайри идона оғоз меёбад. Соли навро дар аксар кишварҳои олам ба тарзу таомулҳои хоси худ истиқбол мегиранд.

Таърихи  пайдоиши Соли Нав

Дар ибтидо хотиррасон бояд кард, ки ҳанӯз Юлий Сезар - қайсари Рим, ки 63 сол пеш аз мавлуди пайғамбари насронӣ Исо ҳукумронӣ кардааст, тақвими навро тартиб дода, дар он 1 январро рӯзи оғози Соли нав эълон намуд. Аз ин рӯ, даъвоҳои одамоне, ки Соли навро ба милоди ҳазрати Исо алоқаманд медонанд, бепояю хатост, зеро чуноне хотиррасон намудем, Юлий Сезар пеш аз ин пайғамбар зиндагӣ кардааст.

Дар Англия ба ғайр аз арча хонаро бо шохаҳои растаниҳои хушбӯ оро медиҳанд. Дастагулҳои аз шохаҳои растаниҳои хушбӯ оростаро дар чароғҳо ва қандилҳо меовезанд. Одамеро, ки лаҳзае дар хона зери он қарор мегирад, меҳмонон  мебӯсанд. 

Дар Шотландия ва Ирландия бошад, баробари ба 12 наздик шудани ақрабаки соат дарҳояшонро кушода, то ба охир расидани садои зангӯлаи соати шаҳр нигоҳ медоранд. Ҳамин тавр, бо соли куҳан хайрухуш намуда, Соли навро вориди манзиҳояшон месозанд. 

Дар Италия пеш аз фарорасии Соли нави мелодӣ ашёи куҳнаашонро мепартоянд. 

Дар Франсия Бобои барфӣ - ба манзилҳои одамон омада, дар пайпоқҳои кӯдакон тӯҳфа гузошта меравад. Ба нафаре, ки туҳфа - кулчақанди бо боқило пухташуда мерасад, рутбаи «Шоҳи боқило» -ро медиҳанд ва дар ин шаб ҳама ба амрҳои  вай  гӯш мекунанд.

Дар Шведсия пеш аз соли нав кӯдакон маликаи равшанӣ -Лютсийро интихоб менамоянд. Ӯро бо пероҳани сафед ороста, ба сараш тоҷи шамъҳои фурӯзондор мегузоранд. Лютсий ба кӯдакон туҳфаҳо  ва ба ҳайвоноти хонагӣ шириниҳо мебахшад.

Соли навро дар Булғористон хело ҷолиб истиқбол менамоянд. Вақте ҳама дар атрофи дастархон менишинанд, се дақиқа чароғро хомӯш месозанд. Дақиқаҳои мазкурро «Дақиқаҳои бӯсаҳои  солинавӣ»  меноманд, ки   асрори  онро торикӣ  пинҳон менамояд.

   Дар Колумбия қаҳрамони асосии карнавали солинавӣ - Соли куҳна  бо пойҳои баланди чӯбин гашта, кӯдаконро бо ҳикояҳои ширин шод месозад. Папа Паскуале - Бобои Барфии колумбиягӣ меорояд.

Дар Куба пеш аз фаро расидани Соли нав кӯзаҳо, сатилҳо, тағораҳо ва косаҳоро  бо об пур карда, нисфи шаб обро аз тирезаҳо мерезанд. Ҳамин тавр, ба соли гузашта чун об роҳи сафед таманно  мекунанд. Дар вақти ними шаб 12 дона ангур хӯрдан  лозим аст, зеро ба андешаи мардуми кубагӣ тамоми сол шуморо некӣ, ризоият, гул - гулшукуфӣ  ва амонӣ роҳнамо хоҳад шуд.

Дар Мексика Соли навро бо оташакҳо, тирпаронӣ, занги зангӯлаҳои солинавӣ истиқбол мегиранд. Ба кӯдакон нисфи шаб лухтакҳои аз ширинии  қаннодӣ  пухташуда ҳадя месозанд.

       Дар Япония шаби Соли нав зангӯлаҳо 108 маротиба садо медиҳанд. Ҳар як садои зангӯла  ба як одати бади одамизод алоқаманд аст. Одатҳои бад шашто мебошанд: хасисӣ, нодонӣ, тундӣ, сабукандешӣ, беҷуръатӣ  ва ҳасад. Ҳар одати бад дар навбати худ 18 аломати дигар дорад, ки дар маҷмӯъ ба 108 баробар  мешавад.

     Дар Олмон шаби Соли нав одамон обу ҳавои соли ояндаро пешгӯӣ мекунанд. Бо ҳамин  мақсад рӯи миз 12 адад пиёзи сарбурида гузошта, дар дохили пиёзҳо чуқричаҳо мекобанд ва ба он намак мепошанд. Ҳамин ки соат занги нисфи шабро зад, дурнамои обу ҳаво низ омода мегардад. Пиёзҳое, ки намакро пурра фурӯ бурдаанд - моҳҳои боронӣ мебошанд. Пиёзҳое, ки дар онҳо намак боқӣ мондааст, моҳҳои  хушк дониста мешаванд.

      Дар Руминия шириниҳои солинавиро дар намуди ҳар гуна бозичаҳо, ҳалқачаҳо, занҷабили тунд ва  ғайра мепазанд. Агар ширинӣ ҳалқа пайдо кунад, тибқи анъана шумо хушбахт мешавед.

   Дар Панама ва Либерия сокинони давлатҳои мазкур Соли навро дар шакли гӯшношунид истиқбол менамоянд. Яке ба воситаи кӯфтани нақора агар қувваҳои бадиро ронад, дуюмӣ ҳар чизи бади соли гузашта аз сар гузаронидаашро нафрин мехонад. Сеюмиҳо Соли навро бо сурудхонӣ истиқбол  мегиранд. 

Машғулияти дӯстдоштаи солинавии занони Корея паридан дар болои тахта аст. Занони зебо ва нозанин бо либосҳои идона оросташуда амсоли  парандаҳо гӯё дар парвоз мешаванд.

Ғизоҳои солинавии мардуми Чин ҳама рамзи хоҳише мебошанд. Замбурӯғҳо «Ояндаи дурахшон», забони хук - «фоида», харчанг -«бизнеси хуб», моҳии пухта - «баракат» - ро ифода менамояд. Мардуми Чин аждаҳоро дӯст медоранд ва ҳар сол ба истиқболи Соли нав рақси аждаҳо ташкил менамоянд. Дарозии аждаҳо дар баъзе ҳолатҳо аз як ҳазор метр ҳам зиёд аст.


Омодасоз  С. ПАРВИЗ
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019