СОҲИБКОР - ОБОДГАРИ ДИЁР

Зи ғайрат ба даст оядат ному нанг,

Зи ғайрат муроди худ орӣ ба чанг.

     Саъдӣ  


- Шариф, ҳамроҳи Умед аввал сафолакҳои дохили қолабҳоро холӣ карда, баъдан онҳоро гул бо гул мувофиқ намуда, ба ҷойҳои худашон бурда гузоред, то ки мо қолабҳоро як маротибаи дигар рехта тавонем. Агар ин хел накунем, то охири моҳ мо фармоиши қабул намудаамонро иҷро карда наметавонем, - гуфт Меҳроҷ ба ҳамкоронаш, ки худ даруни поячаҳои бетониро бо арматур ва симҳои бофта пур мекард. 

      Ин як лаҳзаи кории Меҳроҷ ва ҳамкоронаш буд, ки мо мушоҳида карда, бо эшон дар суҳбат шудем.

Меҳроҷ Атоев, сокини шаҳраки Совети ноҳияи Темурмалик, то ба ин ҷо ба кор омадан дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия буд. Акнун ӯ дигар ба кишвари Россия ба мардикорӣ намеравад, зеро вай дар коргоҳи сафолакбарории ҶДММ «Ширкати миллии сайёҳӣ»-и ноҳияи Темурмалик ба кор даромадааст. Ҳамроҳи Меҳроҷ чанд нафар ҷавони дигар низ аз шаҳраки Совет ин ҷо фаъолият мекунанд. Онҳо ҳар моҳ сари вақт моҳонаашонро мегиранд. 

Умедҷон Диловаров, ҳамсол ва ҳаммаҳали Меҳроҷ мегӯяд, ки шукр дар ноҳия соҳибкорони ҳимматбаланд ҳастанд ва чунин корхонаҳои истеҳсолӣ ташкил мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки дар ноҳия кам ҳам бошад, ҷойҳои корӣ мешавад.

- ҶДММ «Ширкати миллии сайёҳӣ»-и ноҳияи Темурмалик ба истеҳсоли сангу шағал, сафолакҳо новаҳои гуногунҳаҷм, сементблоку сафолакҳо барои роҳравҳо машғул аст. То ба фаъолият оғоз кардани ҶДММ «Ширкати миллии сайёҳӣ» дар ноҳияи Темурмалик чунин корхонаи истеҳсоли сафолакҳои гуногун набуд. Мардуми ноҳия ин намуди маҳсулотро аз шаҳри Душанбею Кӯлоб ва ё дигар ҷойҳои дур харидорӣ карда, бо масрафи маблағи зиёд онро ба ноҳия меоварданд. Баробари ба кор даромадани корхонаи мо мушкилоти мардум оид ба дастрасии ин номгӯи маҳсулоти сохтмонӣ хеле осон гардид. Ҳамчунин, мушкилоти истеҳсоли шағал низ роҳи ҳалли худро ёфт. Хубии кор дар он аст, ки  ашёи хом аз корхонаи худамон аст. Мо худ корхонаи коркарди сангу шағал дорем. Қум, санги майда, санги калон ҳар кадом андозае, ки лозим бошад, истеҳсол мекунем, - мегӯяд Хисрави Фаррухзод роҳбари ҶДММ «Ширкати миллии сайёҳӣ»-и ноҳияи Темурмалик.

Дар ҶДММ «Ширкати миллии сайёҳӣ» 12 нафар кор мекунанд. Инҳо ҳама коргарони доимӣ буда, дар тамоми мавсим барои онҳо кор ҳаст ва ҳар моҳ сари вақт моҳонаашонро мегиранд. Маъмурияти корхона нақша дорад он номгӯи маҳсулоти сохтмониеро, ки дар ноҳия истеҳсол намешаванд, ба роҳ монад. Бо истеҳсол кардани ин намуд маҳсулот онҳо метавонанд ҳам шумораи номгӯи маҳсулоташонро зиёд намоянд, ҳам ҷойҳои корӣ таъсис диҳанд. Масалан, яке аз он маҳсулоте, ки дар минтақа ва ҳатто дар вилояти Хатлон истеҳсол намешавад, ин варақсанг (шифер)  мебошад. 

Роҳбари корхона ин гуфтаро тақвият дода, иброз медорад, ки мо агар ба истеҳсоли шифер шурӯъ кунем, барои мардуми ноҳияи Темурмалик ва ноҳияҳои атроф аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар мешавад. Минбаъд харидорони ноҳия ба дигар шаҳру ноҳияҳо саргардон нашуда маблағи бештар ва вақти зиёдро масраф накарда, аз ноҳияи худамон варақасанг (шифер)-ро харидорӣ карда, мушкилашон чанд карат осон мегардад.   

ҶДММ «Ширкати миллии сайёҳӣ» -и ноҳияи Темурмалик соли дуюм аст фаъолият мекунад. Солҳои аввали фаъолият шумораи коргарон ҳамагӣ 4 нафар буд. Оғози кор барои корхона ва коргарон низ мушкилот пайдо шуда, номгӯи маҳсулот низ хеле кам буд. 

Ҳамчунин, маҳсулоти истеҳсолкардаи корхона ба тамоми ҳудуди ноҳия, ҷамоатҳо ва деҳоти Чилча, Ҷорӯбқул фурӯхта мешавад. Ҳамчунин, бештар маҳсулоти истеҳсолкардаи корхона дар сохтмонҳои ҷашнӣ, ки ба истиқболи 30 - солагии соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфта истодаанд, мавриди истифода қарор мегиранд. Коргарони корхона вобаста ба маҳсулоти истеҳсолкардаашон моҳона мегиранд. Масалан, аз 1000 сомонӣ то ба 2000 ва баъзан аз он ҳам зиёд моҳонаи коргаронро ташкил медиҳад. Ҳама коргарони ҶДММ «Ширкати миллии сайёҳӣ» -и ноҳияи Темурмалик баробари ба корхона ба кор даромадан дарҳол шартномаи дутарафа баста кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳуқуқҳои коргарон ҳимоя шуда, меҳнати кардаашон ба собиқаи кории онҳо дохил мешавад. Коргарон ҳама аз ноҳияи Темурмалик мебошанд ва медонанд, ки ҷои кори онҳо доимӣ аст. Аз ин рӯ, ҳеҷ нияти сафари кишвари Россия намекунанд. 


С. ХАЛИЛИЁН,

ноҳияи Темурмалик
Добавить комментарий