Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ПИСТА
Донагиҳоии мағздор байни маҳсулоти хӯрокворӣ мавқеи хоса доранд. Мағзи донагиҳо дорои қувватнокӣ, яъне калорияи баланд мебошанд. Дар ин баробар дорои индекси пасти гликемикӣ мебошанд, яъне бар дараҷаи қанд дар хун таъсир намерасонанд.
Байни донагиҳои мағздор аз ҳама бештар писта маъмулу машҳур аст, ки дар таркибаш бештар моддаҳои фоиданоки лютеин ва зеаксантин дорад. Ин моддаҳо барои фаъолияти дурусти тамоми узвхои босираи чашм манфиати беандоза калон доранд. Ин моддаҳоро организми инсон худ аз худ истеҳсол намекунад ва бинобар ин истифодаи пайвастаи он хуб аст.
Доктори илмҳои тиб, профессор Ҷаҳон Азонов тавсия додааст, ки «Агар инсон хоҳад, ки масунияташ баланд бошад, таъсири стресс ва фишори асабро коҳиш диҳад, раванди пиршавиро дар организм суст намояд, бехобиро бартараф кунад, хотира ва ҳушёрии равониро беҳтар намояд, бояд то андозаи муайяншуда писта, бодом ва чормағз истеъмол намояд».
Манфиати писта бар фаъолияти дурусти организми инсон мусоидат намуда, мубодилаи муътадили моддаҳоро таъмин месозад. Дар ҳолати кам ва мувофиқи андоза истеъмол кардани писта он манфиати бештар дошта, чун хӯриши парҳезӣ ҳисоб мешавад.
Писта ба фаъолияти муътадили дилу рагҳои хунгард мусоидат менамояду микрофлораи меъдаю рӯдаҳоро ғанӣ мегардонад ва кори узвҳои нафаскаширо ба низом медарорад.
Ҳангоми пайваста аз рўи меъёри кам истеъмол кардани писта он холестеринро аз хун берун мекунад ва захмҳои берунию дарунаро шифо мебахшад, фаъолияти зеҳнию ақлонӣ беҳтар мегардад, рӯҳафтогадигиро аз байн мебарад.
Ҳангоми истеъмоли писта меъёри кифоягиро дар давоми як шабонарӯз аз хотир набароред, ки он 30 грам аст ва он 25-30 дона пистаро ташкил медиҳад.
Таҳияи Зарнигор С
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



