Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
08 авг 13:35АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Иқтисод / Маслиҳати муфид
АЗ ЯК ВАҶАБ ЗАМИН ТО ЯК АНБОР БАРАКАТ:
“Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакати аграрӣ буда, соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини он ба ҳисоб меравад. Истифодаи самараноку оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, аз заминҳои обӣ рӯёнидани ду-се ҳосил ва умуман тараққӣ додани соҳаи кишоварзӣ имконият фароҳам меоварад, ки амнияти озуқавории мамлакат таъмин гардад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳарчанд заминашон кам, вале дилашон бузург аст. Оилаи Назриевҳо аз ноҳияи Кӯшониён бо меҳнати ҳалол ва истифодаи оқилонаи замини наздиҳавлигӣ нишон медиҳанд, ки ризқу рӯзӣ ба инсон вобаста аст.
ҲАМ ЗАХИРА, ҲАМ ФУРӮШ
Аҳли оилаи Назриевҳо, ки дар Ҷамоати деҳоти “Заргар”-и ноҳия умр ба сар мебаранд, ҳамагӣ 0,12 гектар замини наздиҳавлигӣ доранд. Ин оилаи меҳнаткаш ҳар як ваҷаб замини наздиҳавлигии хешро оқилонаю босамар истифода бурда, дар он тамоми маҳсулоти зарурӣ, аз қабили помидору бодиринг, караму гулкарам, қаламфури булғорию тезак, бойимҷону донагиҳо, ҷуворимаккаю офтобпараст ва тамоми намуди кабудиҳоро кишту парвариш менамоянд.
Тавре бонуи хонадон Латофат Назриева зимни суҳбат иброз намуд, давоми сол онҳо дар замини наздиҳавлигии хеш анвои гуногуни маҳсулоти заруриро кишту парвариш карда, бо ин васила ҳам эҳтиёҷоти хонадони хешро таъмин менамоянд ва ҳам боқимондаи онро мефурӯшанд.
Ба Латофат Назриева дар кишту парвариши маҳсулоти кишоварзӣ шавҳараш Ғулом Назриев кумак мекунад.

БЕ МАЪЛУМОТИ КАСБӢ, ВАЛЕ СОҲИБТАҶРИБА
Гарчанде онҳо маълумоти олӣ надоранд, аммо дар натиҷаи пурмаҳсул меҳнат кардану таҷриба, тамоми нозукиҳои соҳаи кишоварзиро аз худ кардаанд.
Чун таҷрибаи хуб омӯхтаанд, медонанд, ки кадом маҳсулотро дар кадом вақт бояд шинонанд ва чӣ гуна онро парвариш кардан лозим аст.
– Ҳамин ки мавсими кишту кор оғоз мешавад, аллакай замини наздиҳавлигии мо омода мебошад. Чунки мо дар фасли зимистон дар замин пору ва дигар нуриҳои зарурии минералиро пошида, онро шудгор мекунем. То айёми кишту кор замин дам гирифта, ҳосилнокиаш баланд мешавад, – мегӯяд Ғулом Назриев.

ЗАХИРАИ ПУРРА ВА ХУДКИФОИИ ХОНАВОДАГӢ
Латофат Назриева мегӯяд, ҳамасола аз замини назди ҳавлии хеш барои зимистон то 400 зарфи шишагин анвои гуногуни шарбату афшура омода карда, захира менамоянд.
Дар як қисмати замини наздиҳавлигии ин хонадон, дар баробари кишту парвариши маҳсулоти гуногун, дарахтони мевадиҳанда, аз қабили зардолую шафтолу, себу нок, анору олуча, олу, чормағзу бодом ва хурмою ангур низ шинонида шудааст, ки аллакай ҳосилдеҳ шудаанд.
– Мо барои захираи зимистон қариб, ки аз бозор ягон маҳсулот намехарем. Бо меҳнати ҳалол аз маҳсули дастранҷи хеш тамоми маҳсулоти лозимиро захира менамоем. Ҳатто ҷорӯби хонарӯбиро дар замини хеш парвариш карда, соле то 40-50 дона омода мекунем ва то соли оянда аз онҳо истифода мебарем, – гуфт Латофат Назриева.
ТАЪКИДҲОИ ПЕШВО- САРМАШҚИ КОР
Бону Латофат мегӯяд, ки тариқи оинаи нилгун борҳо баромадҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати самараноку оқилона истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин ва дар як сол то ду – се ҳосил рӯёниданро тамошо кардааст ва онро сармашқи кори хеш қарор додааст.
Ба андешаи ӯ ягон коре дар дунё нест, ки анҷом додани он барои инсон муяссар намешуда бошад. Танҳо бо меҳнати ҳалол ҳар як шахс метавонад ба қуллаи мақсуд бирасад.

АЗ ТАҶРИБА ВА МУШОҲИДАКОРӢ
– Зиндагӣ худ як таҷриба аст. Ҳар нафаре, ки дар зиндагӣ мушоҳидакор мешавад, албатта ба мақсади ниҳоии хеш мерасад. Иқлим ва обу ҳавои Ватани биҳиштосои мо барои парвариши тамоми маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ мутобиқ мебошад. Кори деҳқонӣ низ мушоҳидакориро талаб мекунад. Агар хуб диққат диҳиву мушоҳидаҳои лозимӣ ба худ гирӣ, ҳатман муваффақ мешавӣ. Шукронаи сулҳу осоиштагии Ватан, ки мо дар фазои амну осоиш зиндагӣ мекунему аҳлона заҳмат мекашем ва дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми хешро мегузорем, – иброз кард дар фарҷоми суҳбат Латофат Назриева.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
н. Кӯшониён
Добавить комментарий
Ахбор
БАРОИ “БЕҲТАРКУНИИ НИЗОМИ ОБТАЪМИНКУНӢ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН” 4,8 МИЛЛИОН ЕВРО ҶУДО МЕШАВАД 13:19ҶАВОН ВА ВАТАН: МАСЪУЛИЯТ, ДОНИШ ВА САДОҚАТ 15:04ХАТЛОН: НАЗДИК БА 80% ДУХТАРОНИ СИННИ 10 – 14-СОЛА ИММУНИЗАТСИЯ ШУДАНД 14:48ҶАЙҲУН. БЕШ АЗ ЯК КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД 15:15ЁВОН. НАҚШАИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ИҶРО ШУД 11:33ФАРРУХЗОДАҲОИ МИЛЛАТ 11:38ПАНҶ. ИММУНИЗАТСИЯ БЕШ АЗ 70 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ 11:25ЭЪЛОН. "ҚАЛАМИ ДОНИШҶӮ" 10:51
Серхонандаҳо
НАМОИШГОҲИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ, САНОАТӢ, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА ТАОМҲОИ МИЛЛИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ҚАЗОҚИСТОН БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЯК ВОЯИ GARDASIL САРАТОНИ ГАРДАНАКИ БАЧАДОНРО ПЕШГИРӢ МЕКУНАД
СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БО ҒОЛИБОНИ ОЗМУН
Бохтар. Бозсозии муҷассамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
РӮЗНОМАНИГОРИ БОХИРАДИ САДСОЛА
ҶАЙҲУН. БЕШ АЗ ЯК КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
ПАНҶ. ИММУНИЗАТСИЯ БЕШ АЗ 70 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ
Иҷрои дурнамои ҷамъоварии пахта дар Леваканту Бохтар
КИТОБХОНАИ ОММАВИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ПАС АЗ БОЗСОЗӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА ИСТИФОДА ШУД
ЁВОН. НАҚШАИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ИҶРО ШУД