Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
НАЗОРАТИ ҚОНУН ВА МУБОРИЗА БО ҶИНОЯТКОРӢ ДАР ХАТЛОН ТАҚВИЯТ МЕЁБАД
Дар шаш моҳи соли равон мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон фаъолияти худро дар самти ошкор ва пешгирии ҷиноятҳо, тарғиби қонунгузорӣ ва таҳкими волоияти қонун пурзӯр намудаанд.
Тибқи иттилои Аваз Назарзода, прокурори вилояти Хатлон, ки дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ироа гардид, то 1-уми июни соли 2025 дар ҳудуди вилоят 3470 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 146 ҳолат ё 4,39 фоиз зиёд мебошад.
Мақомоти прокуратура 1447 ҷиноятро ошкор намудаанд, ки ин нишондиҳанда 262 ҳолат бештар аз соли гузашта мебошад. Кушодашавии умумии ҷиноятҳо 87,4 фоизро ташкил додааст, ки аз беҳбуди фаъолият дар ин самт шаҳодат медиҳад.
Бо мақсади тарғиби қонунгузорӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, дар шашмоҳаи соли ҷорӣ 116 маротиба ахборот пешниҳод гардидааст: ба иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқ – 42 маротиба, дар байни аҳолӣ – 34 ва дар муассисаҳои меҳнатӣ – 40 маротиба.
Илова бар ин, 2714 баромаду суҳбатҳо бо аҳолӣ доир гардида, тавассути воситаҳои ахбори омма 664 мавод пахш шудааст: 246 дар матбуот, 202 тариқи радио ва 216 тавассути телевизион. Баромадҳо бештар ба шарҳи натиҷаҳои санҷишҳои прокурорӣ ва парвандаҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ бахшида шудаанд.
М. Акрамов, “Сафо”
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



